Путин бо Алиев ва Пашинян дар масъалаи Қарабоғ суҳбат мекунад

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду моҳ пас аз тавофуқи оташбас миёни Арманистон ва Озарбойҷон, ки ба ҷанг бар сари Қарабоғи Куҳи поён дод, Владимир Путин бо роҳбарони ду кишвари мавриди назар дидор мекунад.

Ба иттилои Кремл, дидори Путин бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон рӯзи душанбеи 11-уми январ дар Маскав баргузор мешавад. Дар иттилоияи Кремлин гуфта мешавад, ки Владимир Путин ба таври ҷудогона бо роҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон дидор хоҳад кард.

Ба қавли манбаъ, қарор аст дар дидори Путин бо роҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон атрофи масъалаҳои ҳалношуда ва иҷрои тавофуқи оташбас гуфтугӯ сурат гирад.

“Диққати асосӣ ба масъалаи расондани кӯмак ба сокинони минтақа хоҳад буд, ки дар натиҷаи ҷанги ахир осеб дидаанд. Дар айни ҳол масъалаҳои барқарор кардани равобити тиҷорӣ ва доду гирифт низ гуфтугӯ мешавад,”-омадааст дар иттилоияи Кремл.

Тибқи тавофуқи оташбас, ки бо миёнҷигии Русия ҳосил шуд, бахши бузурги Қарабоғи Куҳӣ ва ҳафт минтақае, ки тақрибан 30 сол дар ихтиёри Арманистон буд, таҳти назорати Озарбойҷон даромад.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.