Путин дар ҷаласаи пӯшида бо сардабирон Навалнийро баррасӣ кард

Президенти Русия Владимир Путин дар як ҷаласаи пӯшида бо сардабирони нашрияҳои русӣ рӯзи 10 феврал сабабҳои эътирозҳову заҳролудшавии Алексей Навалний, масдудкунии сервисҳои интернетӣ ва танзими нархи ғизоро баррасӣ кардааст. Дар ин бора бо такя ба ширкатдорони ҷаласа The Bell хабар додааст. Сардабири Lenta.ru Владимир Тодоров дар бораи масдудкунии интернет-сервисҳои ғарбӣ суол кардааст ва Путин гуфтааст, ки ҳукумат YouTube ва дигар шабакаҳоро феълан бастанӣ нест ва танҳо дар сурати таҳдиди воқеии ин шабакаҳо масдуд мешаванд. Охири соли 2020 Думаи давлатӣ ба Роскомнадзор ҳақ дод, ки сайтҳои интернетии хориҷиро бубанданд. Алексей Венедиктов, сардабири “Эхо Москвы” дар бораи  қазияи заҳролудшавии Алексей Навалний ва эътирозҳои сартосарии моҳи январ суол кардааст. Дар посух назареро баён кардааст, ки қаблан ҳам дар робита бо эътирозҳо гуфта буд. Мусоҳибони The Bell дар нақли қавл аз Путин гуфтаанд: “Мову шумо мефаҳмем, ки чорабиниҳои иҷозатношударо Ғарб илҳом мебахшад. Навалнийро бозигарони беруна истифода мекунанд ва бо ҳамин роҳ сиёсати боздорандаро ҷорӣ мекунанд. Чӣ кор кунем, ки ҷавонон дар ҳама давру замон ифротӣ буд. Вале дар намоишҳои ахир ходимони қудратӣ дуруст амал карданд”.

Венедиктор гуфт, ки    Путин аз сӯҳбаташ бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон ёдовар шуда гуфтааст, ки дархостҳои ҷониби Русия барои ирсоли натиҷаҳои озмоиш ваё фиристодани тими мутахассисони рус барои ошноӣ бо заҳр посухи рад гирифт.  Дар навбати худ, нашрияи Le Monde дар бораи сӯҳбати 14-уми сентябри соли 2020 миёни Путин ва Макрон навишта буд, ки  ин сӯҳбати телефонӣ “гуфтугӯи ду нафари ношунаво” буд. Ба навиштаи нашрияи фаронсавӣ, ба назари Макрон дар бораи ин ки истифодаи заҳри низомӣ аз ҷониби  сохтори хусусӣ имкон надорад ва мақомоти расмии Маскав бояд ҷавоб диҳанд, Путин Навалнийро як “шахси ҷанҷолбарангези интернетӣ” номида гуфтааст, ки ӯ худро бемор вонамуд ва Бунёди зидди коррупсияи ӯ сиёсатмадорону мақомдоронро шантаж мекард.  Навалний баробари баргашташ аз табобат дар Олмон ба ҳабс гирифта шуд ва 2 феврал ба 2 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.