Путин гуфт, фарзандони муҳоҷирон ба сатҳи дониши хонандагони маҳаллӣ таъсири манфӣ мерасонанд

Президенти Русия Владимир Путин аз афзоиши шумораи фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои он кишвар изҳори нигаронӣ кард. Ӯ даъват кард, ки теъдоди фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои Русия кам карда шавад.

Путин, ки дар Шӯрои муносибатҳои байни миллатҳо суханронӣ мекард, гуфт, фарзандони муҳоҷирон ба сатҳи дониши хонандагони маҳаллӣ таъсири манфӣ расонида, сабаби ангезиши бадбинии қавмӣ мешаванд.

“Шумори фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои мо бояд дар сатҳе бошад, ки амалан имкон диҳад, то онҳо ба муҳити забони русӣ мутобиқ шаванд. Албатта, на танҳо муҳити забонӣ, балки ба муҳити фарҳангӣ ва дар умум ба низоми арзишҳои русии мо ворид шаванд”, – афзуд ӯ.

Президенти Русия вазъи ба вуҷуд омада дар “ИМА ва баъзе аз кишварҳои аврупоӣ”-ро намуна овард. Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе аз кишварҳои ғарбӣ шумораи фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳо ба ҳадде афзоиш ёфта, ки сокинони маҳаллӣ маҷбур шудаанд, фарзандони худро ба дигар мактаб бибаранд.

Путин афзоиши шумораи фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои Русияро “мушкили бузург” номида, хост, теъдоди онҳо сахт назорат шавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.