Путин ва Эрдуғон барои гуфтугӯи муҳим мулоқот мекунанд

Президентони Русия ва Туркия рӯзи 29-уми сентябр дар ҷаласаи ба қавли мақомот хеле муҳим дар соли ҷорӣ  мулоқот хоҳанд кард.  Мулоқоти Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар шаҳри Сочи дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ 18 моҳ баъди охирин гуфтугӯи рӯбарӯи ду раҳбар дар шаҳри Маскав барпо мешавад. Ба иловаи вазъи Сурияву Либия, ду раҳбар ният доранд  Қафқози Ҷанубӣ ва Украина, тавсеаи содироти гази русӣ ва эҳтимоли ба Туркия фароҳам кардани бахши навбатии системаҳои мушакии  S-400-ро, ки ИМА мухолифи он аст, баррасӣ кунанд.

Эрдуғон ният дорад ба Путин фишор оварад, ки созиши оташбаси соли гузашта ҳосилшуда дар заминаи хатми ҳамлаҳои низомиёни Русия ва Сурия ба ҷудоиталабони мавриди ҳимояти Туркияро риоя кунад. Зоҳиран, ин мавзӯи калидӣ мешавад. Мавзӯи Қаробоғи Кӯҳӣ, ки баҳонаи аслии ҷанги як сол пеши Арманистону Озарбойҷон будааст, низ матраҳ мешавад. Дар ин низоъ Туркия аз нирӯҳои Озарбойҷон пуштибонӣ кард ва Боку тавонист баъди 30 сол назорати пурра дар ин минтақаро барқарор кунад. Маскав бо Арманистон дар чорчӯбаи СПАД ҳамкорӣ мекунад ва баробар бо ин, бо Озарбойҷон ҳам равобити наздик дорад. Дар паи хатми низоъ дар моҳи ноябр як маркази назорати оташбаси низомии Русияву Туркия таъсис шуд, ки марказаш дар Озарбойҷон аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.