Путину Ҷинпин Раҳмонро табрик карданд

Баъд аз онки Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барандаи интихоботи президентии 11-уми октябри эълон кард, раҳбарони Русияву Чин ва Белорусу Қазоқистону Узбекистон ӯро табрик карданд. Дафтари матбуоти Кремлин рӯзи 12-уми октябр гуфт, Владимир Путин дар барқияи шодбошиаш Раҳмонро бо “пирӯзии чашмрас” табрик кардааст.

Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин, дар барқияи табрикотиаш, ки ба қавли ТАСС тавассути телевизиони марказии Чин нашр шуд, гуфтааст, “ба рушди равобити Чину Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад”. Вай афзудааст, барои “ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои стратегии Чину Тоҷикистон” омода аст бо Раҳмон ҳамаҷониба кор бикунад.

Дар табрикоти телефониаш президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев Раҳмонро “бо пирӯзии қотеъ” табрик кардааст. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар суҳбати телефониаш гуфтааст, Раҳмонро ба Қазоқистон бо як сафари расмӣ даъват мекунад.

Яке аз аввалин нафароне, ки рӯзи душанбе Раҳмонро бо пирӯзӣ табрик кард, Александр Лукашенко буд. ТАСС менависад, Лукашенко ва Раҳмон “ҳамчунин масоили ҷудогонаи байналмилаливу минтақавиро баррасӣ карданд, ки мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб мебошад”. Лукашенко баъд аз интихоботи 9-уми августи имсол дар Белорус худро баранда эълон кард, вале мухолифон ва садҳо ҳазор сокини кишвар қабул надоранд.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 дар қудрат аст. Ӯ аз ду соли аввал раиси Шӯрои олии Тоҷикистон буд ва аз соли 1994 то ҳоло раиси ҷумҳурӣ аст. Раҳмонро барои саркӯби дигарандешону иқтисоди заиф ва маҳдудиятҳои озодии баёну виҷдон танқид мекунанд, вале ҷонибдоронаш ӯро барои хатми ҷанги дохилӣ ва сохтмони роҳҳову нирӯгоҳҳои бузург ситоиш мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.