Қаламкаше аз диёри домани гардун. Бо баҳонаи 60-солагии Ҷовид Муқим

Кӯшише андар шинохти як ҳампеша ба баҳонаи 60-солагии зодрӯзаш, ки  7 феврал аст.

Пешгуфтор

Ҷовид-иқтисоддон
Ҷовид-журналист
Ҷовид-муҳаққиқ
Ҷовид-устоди донишгоҳ
Ҷовид-аккос
Ҷовид-нависанда…

Беҳуда нагуфтаанд, ки “ба як мард чил ҳунар кам аст”. Ҷовид Муқим, рӯзноманигор, доктори улуми филология, профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи  онҳое ҳаст, ки ангор ин панд дар ситоиши онҳо гуфта шуда. Ҷовид воқеъан як рӯзноманигори озодандеш, воқеъгаро ва пухтакор аст.

Ӯ инсоне масъулиятшинос ва эҷодкоре пӯёст, ба доштаҳояш иктифо намекунад ва пайваста дар пайи таҳқиқу омӯзишу ҷустуҷӯст. Талошҳои пайвастаи Ҷовид Муқим дар роҳи илм буд, ки дар муддати чаҳор сол (2003-2006) ӯ ҳам рисолаи номзадӣ ҳимоя кард ва ҳам доктори илм шуд. Ҳарчанд беш аз бист сол аст, ки ба кори таҳқиқу пажӯҳиш ва тарбияи рӯзноманигорон машғул аст, боз вақт пайдо мекунад ва барои рӯзномаю нашрияҳо мақолаю хабару гузориш менависад. Тақрибан ҳар ҳафта матлабҳои таҳлилию интиқодии Ҷовид Муқимро дар матбуот мехонем.

Мушкилоти иҷтимоъии мардум, рафтори номуносиби ҷавонон дар амокини умумӣ, кори нақлиёти шаҳрӣ, қиммати маводди ғизоӣ, вазъи нобасомони бозорҳо…. аз ҷумлаи мавзӯъҳое ҳастанд, ки зери заррабини ин рӯзноманигори соҳибтаҷриба қарор мегиранд.

Дар остонаи шастумин солрӯзи таваллуди Ҷовид Муқим кӯшише андар шинохти беҳтари ӯ кардам ва чанд сафҳаеро аз китоби умраш варақ задам. Ҳосили ин кор ҳамин навиштаи ноқис ва нокомил аст ва умедворам хонандаи азиз бо камоли бузургӣ камбудиҳои ин чеҳраномаро нодида мегирад.

Бахши нахуст: Ёди айёми ҷавонӣ

Саодати нахустин дидор бо Ҷовидро дар ибтидои даҳаи 1990 доштам, агарчӣ бо ному навиштаҳояш пештар ошно шуда будам. Ӯ он замон дар “Паёми Душанбе” кор мекард. Баъд бо амри сарнавишт мо муддате дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҳамкор будем. Як муддат Ҷовид дар “Нерӯи сухан” ҳам кор кард. Замони ҷанги дохилӣ ӯ дар идораи барномаҳои иқтисодии родиёи Тоҷикистон фаъолият мекард ва ҳамзамон гузоришгари родиёи “Озодӣ” дар Душанбе буд. Гузоришҳояшро барои ин расона ба Прог бо номи мустаъори Мориҷи Доварӣ мухобира мекард.

Ёдам ҳаст, барои ин кор утоқи кӯчакеро аз хабаргузории “Ховар” барояш иҷора карда буданд. Он утоқ ба ҷуз аз як дастгоҳи телефон дигар васоиле надошт. Мо як гурӯҳ рӯзноманигорони ҷавон, он солҳо мисли Ҷовид барои бархе аз расонаҳо ва хабаргузориҳои хориҷӣ кор мекардем ва гаҳ-гоҳе дар нишасту конфаронсҳои матбуотӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ ба дидори ҳамдигар мерасидем. Он солҳо кор барои расонаҳои хориҷӣ бисёр душвор буд. Ба далели раванди ҷангу сулҳ, Тоҷикистон дар он солҳо яке аз доғтарин нуқтаҳои ҷаҳон маҳсуб мешуд ва ҳар рӯз чандин иттифоқоти муҳим дар кишвари мо рух медод.

Ҳузури даҳҳо хабарнигори хориҷӣ дар Тоҷикистон рақобати сахтеро миёни онҳо ба вуҷуд оварда буд. Онҳо талош мекарданд то ки пештар аз дигарон аз рӯйдоду таҳаввулоти Тоҷикистон мухотабони худро дар саросари дунё огоҳ созанд. Чунин шароит боиси як навъ сабқат миёни хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар кишвари мо шуда буд. Дар ин росто родиёи “Озодӣ” дар пӯшиши ахбору ҳаводиси Тоҷикистон мисли имрӯз бештар аз дигарон муваффақ буд.

Бидуни шак, Ҷовиду ҳамкоронаш, ки баъдтар дар дафтари ин расона дар Душанбе истихдом шуда буданд, дар бозтоби масоилу мушкилоти рӯзгори мардум дар он айёми душвор нақши муҳимме ифо мекарданд. Ошкоргӯӣ, ҳақҷуӣ ва даст задан ба масъалаҳои доғи рӯзгори мардум ному овози Ҷовидро миёни шунавандагони  родиёи “Озодӣ” дар дохил ва хориҷи кишвар ошно ва маҳбуб сохта буд.

Ёдам ҳаст, борҳо ҳамроҳи Ҷовид ва хабарнигорони расонаҳои дигар ба маҳалли даргириҳо миёни гурӯҳҳои шӯришӣ ва неруҳои давлатӣ мерафтем, бо фармондеҳони ду тараф гуфтугӯ мекардем то дар бораи таҳаввулоту рӯйдодҳои кишвар хабару гузоришҳои дасти аввал таҳия кунем. Албатта он замон ба озодии баён дар кишвари мо бештар эҳтиром мегузоштанд… Намедонам чӣ моҷарое дар “Озодӣ” сар зад, ки Ҷовид баъд аз чанд сол фаъолияташро дар ин расона қатъ кард. Аммо аз саҳнаи матбуот дур нарафт. Ҳамкориашро бо нашрияҳо бештар кард ва ба сурати ҷиддӣ ба таҳқиқу пажӯҳиш машғул шуд.

Ҳоло беш аз бист сол аст, ки ба шогирдони донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс мегӯяд. Дар бораи ҳузури “Озодӣ” ва Би-би-сӣ дар фазои иттилоъотии Тоҷикистон ва вежагиҳои фаъолияти ин расонаҳо  дар кишвари мо дар замони истиқлол ва пеш аз он таҳқиқоте анҷом дода, панҷ рисола ва садҳо матлаб дар ин бора ба чоп расондааст. Шогирдонеро ҳам тарбият мекунад, ки мисли худаш ба таҳқиқи масоили гуногуни матбуоти тоҷик ва садою симои кишвар машғуланд.

Бахши дуввум: Вижагиҳои ҳирфаӣ ва шахсӣ

Ба назари банда Ҷовид чанд вижагӣ дорад, ки ӯро аз ҳампешаҳои дигари мо мутамойиз мекунад. Нахуст ӯ аз маъдуд рӯзноманигорони тоҷик ҳаст, ки маълумоти олии иқтисодӣ дорад. Ҷовид Муқим 35 сол пеш факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва баъдтар дар соли 1992 факултаи журналистикаи ин донишгоҳро хатм кардааст.

Аз ин ҷост, ки дар навиштани матолибу гузоришҳои иқтисодӣ дасти болое дорад. Дар Тоҷикистон теъдоди рӯзноманигороне, ки танҳо мавзӯъҳои марбут ба як риштаи хос, масалан, сиёсат, иқтисод, фарҳанг, ҳунар, варзиш ва ё мусиқиро дунбол мекунанд ва дар ин заминаҳо соҳибтахассус ҳастанд, шояд аз ангуштони ду даст зиёд набошад. Журналистони мо дар ҳама мавзӯъ менависанд ва худро фақат пойбанди пайгирии танҳо масоили як арса намекунанд. Аммо матолиби навиштаашон то чи андоза ба дарди хонанда, шунаванда ва ё бинанда мехӯрад, суолест, ки посухи қотеъ ва мусбат ба он наметавон дод.

 

Ҷовид Муқим аз маъдуд рӯзноманигоронест, ки ранҷу азоби ҷанги Афғонистонро дар вуҷуди хеш эҳсос кардаанд ва ба таъбири имрӯзӣ рӯзноманигор- ҷанговари интернатсионалист ҳастанд. Ӯ мисли ҳазорон нафар аз ҳамсолонаш бо амри раҳбарони ҳизби куммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ барои анҷоми хидмати сарбозӣ ба он сӯи Ому эъзом шуд ва наздики ду сол дар замони ҷанги шӯравӣ алайҳи муҷоҳиддин дар Афғонистон дар ин кишвар қарор дошт. Бидуни шак, осори он ҷанг то ҳоло дар ҷисм ва рӯҳу равони кӯҳнасарбозоне, ки ҷон ба саломат бурда, аз майдони набардҳои шадид ба хонаҳояшон баргаштанд, боқӣ мондааст. Ҷовид ҳам истисно нест ва шояд ба ин далел суҳбат дар бораи ин сафҳаи зиндагиашро дӯст намедорад.

Аз замоне ки Ҷовидро ба унвони хабарнигор мешиносам, аккосӣ ҳам бахше аз машғулиятҳои дӯстдошта ё хоббии ӯ будааст. Ӯ низ мисли зиндаёд Муҳиддини Олимпур аз оғози фаъолияти рӯзноманигорӣ, фаъолияти чандрасонаӣ дорад, яъне ҳам матлаб менависад, ҳам акс мегирад ва ҳам гузоришҳои садоӣ таҳия мекунад.

Дар солҳои охир аз табиати зебою нотакрори Тоҷикистон, чеҳраҳои фарҳангию адабӣ ва ҳамоишу ҷашнвораҳои ҳунарӣ аксҳое зиёде гирифта ва дар сафҳаи фейсбукаш мунташир мекунад. Чанд бор дар осоишгоҳи Хоҷаобигарм бо дӯстон ба тамошои манзараҳои зебою нотакрори ин мавзеъ рафта будем ва Ҷовид ҳамеша дар ин сафарҳо дурбини аккосӣ бо худ дошт ва аз сангу кӯҳу чашмаю дарахту буттаҳои атроф акс мегирифт. Ва он ҳам чӣ аксҳое! Шояд дар оршиви шахсиаш садҳо акс аз манзараҳои дилфиреб ва зебои манотиқи гуногуни кишвар маҳфуз бошад. Зеро ӯ ҳар сол умдатан дар баҳор ё тобистон ба манотиқи кӯҳистоние сафар мекунад ва аз тариқи шабакаҳои иҷтимоъӣ, бахусус фейсбук аз пушти аксҳояш моро бо худ ба сайри макону мавзеъҳои дидании “диёри домани гардун”, яъне Тоҷикистон мебарад.

Ҷовид Муқим ҳамчун устоди сахтгиру ҷиддӣ ва серталаб дар миёни донишҷӯён шӯҳрат дорад. Гӯиё ин панди Шайх Саъдиро шиори худ карда:

Устоду муаллим чу бувад беозор,
Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор…

Аз забони даҳҳо донишҷӯ шунидаем, ки ӯ аз шогирдонаш барои санҷишу имтиҳон пул намеситонад. Ин раванди нангин ва номатлуб, мутаассифона дар тору пуди низоми омӯзишу парвариши мо реша давонда ва дар дарозмуддат мумкин аст боиси уфти ин низом шавад. Агар мо ислоҳи ин вазъиятро мехоҳем, бояд пайравони устодоне мисли Ҷовид Муқим зиёд шаванд, омӯзгороне, ки  донишҷӯро барои хондану дониш андӯхтан ташвиқ мекунанд, на ба ришвахорию порадиҳӣ.

Ҷовид дар солҳои ахир дар канори тадрис дар донишгоҳ ва таҳқиқу пажӯҳиш чанд достону қисса ҳам навишт.  “Вақте мард мегиряд” (2007), “Ишқи деромада” (2008) ва “Ишқи мӯйсафед” (2012), “Қасос” (2013), ва “Хиёнат” (2015) аз китобҳои чопкардаи Ҷовид Муқим аст.  Ӯ аз соли 1990 узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва аз соли 2015 узви Иттиҳодияи нависандагони ҷумҳурӣ мебошад. Соли 2010 Ҷовид Муқим барои хидматҳое ки дар рушди матбуоти миллӣ ва тарбияи хабарнигорони оянда кардааст, унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистонро соҳиб шуд.

Ҳоло ҳам Ҷовид бо расонаҳо ҳамкорӣ мекунад ва берун аз фаъолиятҳои донишгоҳӣ ба масъалаи бозомӯзии хабарнигорони ҷавон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дорад. Дар давраҳои омӯзишӣ барои хабарнигорон, ки тайи солҳои ахир дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон баргузор мешавад, ҳамчун устод (мураббӣ ё тренер) ширкат меварзад ва таҷрубаю донишу маҳораташро ба рӯзноманигорон ҷавон мунтақил мекунад.

Бахши сонӣ: нақши волидайн дар ташаккули шахсияти соҳибҷашн

Як нуктаи дигарро ҳам мехоҳам ин ҷо ёдовар бишавам. Ҷовид дар шаҳри Ҳисор дар хонаводае ба дунё омада ва ба камол расидааст, ки аҳли илму дониш ва маърифатанд. Ҳамаи бародарону хоҳаронаш соҳиби маълумоти олӣ мебошанд ва дар арсаҳои сиёсату иқтисоду ва маорифу фарҳанг кор мекунанд. Соли гузашта Ҷовиду бародарону хоҳаронаш падарашон Ҳоҷӣ Аминро ба роҳи ахират гусел карданд. Ҳоҷӣ Амин акнун дар водии хамушон дар канори ҳамсари меҳрубонаш, ки чанд сол аз ӯ пештар аз ин дунё рахти сафар баста буд, маскан гирифта. (Худованд биёмурзадашон!) Падараш умри бобаракате дид ва беш аз 80 сол дошт. Ӯ дар водии Ҳисор шахси соҳибэҳтиром буд ва хелеҳо ӯро хуб медонистан. Бо шинохте ки ман аз хонаводаи Ҷовид дорам, бо итминони комил мегӯям, ки нақши падару модари ӯ дар тарбияту ба камол расондани фарзандонашон ва соҳибмаълумот кардани онҳо бисёр бузург аст.

Поён

Ману Ҷовид се даҳсола аст, ки дар ғаму шодии ҳамдигар шарикем. Аз ин рӯ, ба нишони эҳтиром ва рафоқату дӯстӣ бо ӯ, ба писари яке аз бародарони кӯчакам номи Ҷовидро гузоштем. Ҷовиди мо кӯдаки бисёр сертаҳаррук ва чусту чолоке буд. Аммо мутаассифона умраш кӯтоҳ будааст. Баҳори соли 2002, вақте аз сафари кории чаҳор моҳа аз Ландан ба Душанбе баргаштам, хабари марги ҷияни номуроди худро шунидам. Ӯ моҳе қабл аз бозгашти ман ба Ватан аз болои дарахти анҷири ҳавлии падариамон дар рустое дар дараи Алмосии Ҳисор ба замин уфтода ва дар ҳафтсолагӣ даргузашта будаасту ман бехабар. Пайвандонам тасмим мегиранд, ки ин хабари нохушро то замоне ки ба Тоҷикистон барнагардам, ба ман нагӯянд…

Барои Ҷовид Муқим, дӯст, ҳампеша ва рӯзноманигори маъруфи кишвар умри тулонӣ таманно дорам. Иродаи қавӣ ва рӯҳияи устувори Ҷовид буд, ки дар авҷи бедодгарии куруно дар кишвари мо ӯро аз чанголи ин вирус раҳо кард.

Шасти умри ин дӯсти дардошно ва дилогоҳ, рӯзноманигори боистеъдоду соҳибном, устоди сахтгир ва муҳаққиқи пуркору пуртакопуро ба худи Ҷовид Муқим, аҳли хонадону пайвандонаш ва кулли шогирдону ҷомеъаи рӯзноманигории кишвар шодбош мегӯям.

Воқеъан, вуҷуди чунин инсонҳои сахткӯшу пӯё ва ҳақиқатпарасту адолатхоҳ ба ҳар фарди худогоҳу худшинос нерую илҳоми тоза мебахшад, боварию эътиқоди онҳоро ба пирӯзии некӣ бар бадӣ, хайр бар шарр, рушноӣ бар торикӣ, ҳақ бар ботил… ва ояндаи дурахшони ин сарзамин қавитар мегардонад.
Ба назари банда, корномаи пурмуҳтавои рӯзноманигор, устоди донишгоҳ ва муҳаққиқе чун Ҷовид Муқим номи ӯро дар замони зиндагияш дар китоби таърихи матбуот ва рӯзноманигории тоҷик ҷовидона сабт кардааст.

Суҳроб Зиё

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.