Рӯҳонӣ ба фош шудани сӯҳбатҳои Зариф вокуниш кард

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, ки сабти садоие, ки аз вазорати хориҷаи ин кишвар берун шудааст, бо ҳадафи эҷоди ихтилоф дар ҷараёни музокироти сулҳи Вена анҷом шудааст. Ҳадафи музокираҳои ҷараёндошта  эҳёи созиши сулҳи соли 2015-и қудратҳо бо Эрон мебошад. Рӯҳонӣ дар нахустин вокунишаш ба берун рафтани сабти садоҳо рӯзи чоршанбе, 28-уми апрел гуфт, ки вазорати иттилооти кишвар бояд таҳқиқ карда бифаҳмад, ки ин кори дасти кӣ аст. Ӯ гуфт, мо таҳримҳоро танҳо аз роҳи ваҳдату муттаҳидӣ рафъ карда метавонем.

ИМА соли 2018 созиши ҳастаӣ бо Эронро тарк кард ва  таҳримҳои навро болои ин кишвар ҷорӣ намуд. Музокироте, ки ҳоло дар Вена ҷараён дорад, бо ҳадафи ба созиш дубора бозпас баргардонидани ИМА ташкил шудааст.  Матбуоти берун аз Эрон рӯзи 25-уми апрел хабар дод, ки дар як суханронии сесоаташ вазири хориҷаи ин кишвар Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфтааст,  артиши Эрон ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба  умури дипломатӣ аз ҳад зиёд таъсиргузор будаанд. Нашри ин матлаб дар матбуоти хориҷӣ вокунишҳои матбуоти муҳофизакор ва сиёсатмадорони эрониро ба бор овард.

Дар ин сабт Зариф аз нуфузи идомаёбандаи генерал-майор Қосими Сулаймонӣ ба сиёсати хориҷии кишвар шикоят карда гуфтааст, ки Сулаймонӣ аз роҳи муомилаҳо бо Русия мехост барномаи ҳастаии соли 2015-и Эрону қудратҳоро осеб расонад. Сулаймонӣ моҳи январи соли 2020 дар як ҳамлаи мушакии Амрико дар Бағдод кушта шуд ва ин ҳодиса таниши миёни ИМА ва Эронро афзун кард. Дар нахустин вокунишаш ба назарҳои фошшудаи худ Зариф гуфт, ки “муҳимтарин нуктаи” ин суханрониҳо  “эҳтиёҷ ба таҳрири оқилонаи бахшҳои низомиву дипломатӣ” мебошад.

Зариф дар як паёмаш тавассути Инстаграм рӯзи 28-уми апрел гуфт, ки аз назари ӯ бояд  аз роҳҳои қонунӣ ва таҳти назари раҳбари олии Эрон”  бартариҳои кор маълум шавад. Зариф аз он изҳори таассуф кардааст, ки сӯҳбатҳои дохилӣ оид ба зарурати ҳамоҳангии кори миёни дипломатияву бахши низомӣ боиси ихтилофи дохилӣ шудааст. Зариф гуфт, ки баҳси “ростқавлу пуршӯр” ҳамчун “интиқоди хусусӣ” таҳриф шудааст.

Рӯҳонӣ гуфт, ки ин сабт бахше аз сӯҳбатҳои зиёди ӯ бо аъзои ҳукумат пеш аз тарки мақом кардани ӯ дар ду моҳи баъдӣ мебошад.

Рӯзи гузашта сухангӯи ҳукумати Эрон берун рафтани сабтро “тавтеа алайҳи ҳукумат, низом ва ваҳдати сохторҳои дохилӣ ва инчунин алайҳи манфиатҳои миллӣ” номид.

Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки ин сабт аз сабти асосӣ хеле кӯтоҳ карда  шудааст,  чун мусоҳибаи аслӣ, ба қавли ин ниҳод,  дар асл 7 соат идома дошт. Додситонии Теҳрон гуфтааст, ки барои таҳқиқи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Бар асоси иттилои оҷонсии нимарасмии ИСНА, Комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии парлумони Эрон Зарифро барои сӯҳбат даъват кардааст.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.