Рӯҳонӣ хост, ки номзадҳои бештар ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ роҳ ёбанд

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, ки аз раҳбари олии Эрон тақозо намуд майдони рақобат барои номзадҳои интихоботи президентии моҳи июнро густурдатар кунанд, чун 25-уми май маълум шуд, ки аз садҳо довталаби номзадӣ ба президентӣ танҳо ҳафт нафар сабтином шудаанд. Рӯҳонӣ дар ҷаласаи ҳукумати кишвар рӯзи чоршанбе гуфт, ки ӯ ҳамроҳ бо Шӯрои нигаҳбон  ба хотири “рақобати” беҳтар дар интихоботи президентӣ номзадҳои бештарро интихоб намуд. Рӯҳонӣ гуфт: “Қалби интихобот ин рақобат аст. Агар онро бардоред, ба як ҷасад табдил мешавад”. Ӯ афзуд, ки дирӯз ба номи раҳбари олӣ нома зада изҳориназарҳои худро навиштааст ва ҳам роҳҳои кӯмаки раҳбари олиро ҳам зикр кардааст.

Вазорати умури дохилии Эрон рӯзи 25-уми май эълон кард, ки Шӯрои нигаҳбон номзадии Иброҳим Раисӣ, Муҳсин Ризоӣ, Саид Ҷалилӣ, Амирҳусейн Қозизода-Ҳошимӣ, Абдулносир Ҳимматӣ, Муҳсин Меҳрализода ва Алиризо Зокониро барои мубориза барои курсии раёсатҷумҳурӣ дар интихоботи рӯзи 18-уми июн роҳ додааст. Ин ҳафт нафар аз 590 довталаб интихоб шудааст.

Барои ширкат дар интихобот, аз ҷумла, собиқ раиси маҷлис Алии Лориҷонӣ, муовини президент Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, ки як ислоҳталаб аст ва собиқ президенти тундрав Маҳмуди Аҳмадинажод роҳ дода нашуданд. Пешгӯиҳо ин аст, ки Раисӣ, як рӯҳонии тундрав ва раҳбари низоми адлия дар миёни дигар номзадҳо мавқеи бартарӣ дорад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.