Рӯзи ҷумъа аз Русия ба Тоҷикистон 6 парвози чартерӣ сурат мегирад

Фардо, 30-уми октябр аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон шаш парвози чартерӣ анҷом дода мешавад. Бинобар рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати корҳои хориҷӣ, 30-уми октябр аз шаҳри Маскав се парвоз ба самти Душанбе ва ҳамчунон як парвози аз шаҳрҳои Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Уфа ба Душанбе анҷом дода мешавад.

Мувофиқи ин ҷадвал ҳамчунон рӯзи 31-уми октбяр ҳам се парвоз аз Макскав ва ҳамчунон як парвози дигар аз Красноярск ба Душанбе сурат мегирад. Тибқи ин ҷадвал парвозҳои чартерӣ то 31-уми октябр муайян шудаанд, аммо то ҳанӯз масъалаи аз сар гирифтани парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистон ва Русия маълум нест.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июл омодагии худро ҷиҳати барқарор кардани паврвозҳои маъмулӣ ба мақомоти Русия изҳор дошта буд. “Дар сурати омода шудани Русия, Тоҷикистон омода аст парвозҳоро барқарор кунад, вале ин ба вазъи эпидемиологӣ дар Русия ва тасмими мақомоти ин кишвар вобаста аст”,-гуфтанд дар сафорат.

Парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистон ва Русия аз 20-ум март инҷониб бинобар пандемияи короновирус қатъ шудаанд. Ба иттилои мақомот, дар ин давра тавассути парвозҳои чартерӣ ҳудуди 70 ҳазор шаҳрвандон аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.