Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон бо гузашти низомӣ, раҳпаймоӣ ва барномаҳои фарҳангӣ таҷлил шуд

Имруз, 9-уми сентябр Тоҷикистон 30-юмин солгарди истиқлоли худро таҷлил мекунад. Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолият ба даст овард ва ҳамагӣ чанд моҳ баъд дар гирдоби ҷанги дохилӣ уфтод.

Мақомот имсол ҷашни истиқлолро дар муқоиса ба солҳои гузашта бошукуҳтар баргузор мекунанд. Дар остонаи ин ҷашн президент Эмомалӣ Раҳмон афви умумӣ эълон кард ва дар назар аст, ки 16 ҳазор нафар зиндонинро фаро гирад.

Дар силсилаи чорабиниҳо ба ин муносибат, рузи ҳафтуми сентябр дар Душанбе бо ширкати 15 ҳазор нафар парад ё гузашти низомӣ доир шуд. Чунин парадҳои низомӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳам баргузор шуд. 

Ҳамчунин, имруз, 9-уми сентябр дар маркази шаҳри Душанбе роҳпаймоӣ барпо шуд, ки ба гуфтаи мақомот дар он беш аз 30 ҳазор нафар иштирок карданд. Барои иштирок дар ин раҳпаймоӣ, мақомот кормандони ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯён ва ҳатто мактабхонҳоро ҷалб карданд.

Дар назар, ки шоми имруз дар “Наврузгоҳ”-и пойтахт маросими фарҳангӣ доир шавад. Тайи чанд моҳи ахир садҳо нафар, аз ҷумла донишҷӯёни пойтахт ба ин чорабинии фарҳангӣ омодагӣ медиданд. Бархе донишҷӯён дар гузашта гуфтанд, ки масъулини донишгоҳҳо онҳоро таҳдид карданд, ки агар дар маршировка ва чорабиниҳо ба муносибати ҷашни истиқлол иштирок накунанд, аз донишгоҳ ихроҷ карда мешаванд.

Таҷлил аз Рӯзи Истиқлол дар ҳоле баргузор мешавад, ки тобистони имсол Тоҷикистон шоҳиди мавҷи дигари КОВИД -19 буд ва даҳҳо нафар бар асари он ҷон бохтанд. Дар пайи авҷ гирифтани ин беморӣ, дар ҷомеа даъватҳо барои қатъи чорабиниҳои оммавӣ садо дод, аммо бо ин вуҷуд ҳазорон нафар барои ширкат дар чорабиниҳо ба муносибати ин ҷашн ҷалб шуданд. Мақомот дар посух ба ин интиқодҳо гуфтанд, ҳама онҳое дар ин маросимҳо иштирок мекунанд, эм шудаанд

Соли гузашта Ситоди муқобила бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон эълон карда буд, ки баргузории ҳамагуна маъракаи бахшида ба Рӯзи Истиқлол дар кишвар манъ аст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябр ҷашни Истиқлолро бо ташкили чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ва сайругашт дар боғҳо таҷлил мекунанд.

Соли 1991 пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон истиқлоли худро эълон дошт. Тоҷикистон беш аз 70 сол як ҷумҳурии зери итоати Шӯравӣ буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.