Рӯзноманигор Далер Шарипов мавриди афву бахшиши гуноҳ қарор нагирифтааст

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Рӯзноманигори зиндонии тоҷик Далер Шарифов ба гурӯҳи маҳбусоне, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз маросими савганд афв кард, шомил нагардид.
  • Ҳамсари ӯ Саида Қурбонова дар сӯҳбат бо МедиаМаркер гуфт: Вазъи Далер хуб аст, аммо мо ноумед шудем, зеро умедвор будем, ки Далер низ ба озодӣ мебарояд, чун мӯҳлати адои ҷазояш хеле кам мондааст, вале мутаассифона ба  рӯйхат шомил нашуд ва мо сабаби онро то ба ҳол намедонем. Мақомоти тафтишотӣ ва суд ваъдаи зиёд дода буданд, аммо иҷро накарданд”. Ин ҳам дар ҳолест, ки то муҳлати адои ҷазои Далер Шарипов камтар аз се моҳ мондааст.
  • Хотиррасон мекунем, ки рӯзноманигор Далер Шарифов 28 январи соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти миллӣ боздошт ва 16 апрели ҳамон сол бо гуноҳи” барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” ба муддати 1 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум гардид.
  • Ба эътирофи умуми ҳомиёни ҳуқуқи башар парвандаи Далер Шарифов тақаллубӣ буда, бо моддаи мазкур рабте надорад ва асосан бо интиқодҳояш аз Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан матлабе, ки ба унвони писари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон- шаҳрдори Душанбе ва Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон равона шуда буд, алоқаманд аст.
  • Баъди боздошти Далер Шарифов дар баробари созмонҳои миллӣ, ки корзори #FreeDaler -ро роҳандозӣ карданд, созмонҳои Дидбони Ҳуқуқи башар, Афви байналмиллалӣ, Ҳамкории байналмиллалӣ барои ҳуқуқи инсон, Кумитаи норвежии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо аз Ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки Далер Шарифовро озод кунад.
  • Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз маросими савгандёдкунӣ  бо имзои як Фармон 378 зиндониро авф кард, ки миёни онҳо ҳич яке аз маҳбусони сиёсӣ набудаанд.

The post Рӯзноманигор Далер Шарипов мавриди афву бахшиши гуноҳ қарор нагирифтааст appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.