Рақиби эҳтимолии интихоботии Лукашенка бо иттиҳоми ҷиноёти молӣ боздошт шуд

Мақомоти Беларус рақиби эҳтимолии президенти Беларус дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Александр Лукашенкаро бо иттиҳоми напардохтани молиёт ва пулшӯӣ боздошт карданд. Кумитаи назорати давлатӣ рӯзи 18 июн гуфт, ки Виктор Бабарика ба он хотир боздошт шуд, ки гӯё ба як шоҳиди парвандаи ҷиноӣ таъсир расонида маблағҳои ҳангуфти нақдро аз ҳисобҳои бонкӣ берун бурдааст. Ин танҳо чанд иттиҳоми зидди сиёсатмадор мебошад. Иван Тертел,  раҳбари Кумитаи назорати давлатӣ гуфт, ки баробар бо ин тахминан 20 корманди “Белгазпромбанк” боздошт ва “иқрор” шудаанд, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ садҳо миллион долларро бар асоси як нақшаи сохтаи Бабарика ба Латвия интиқол додаанд. Бабарика давоми 20 сол раҳбарии “Белгазпромбанк”-ро ба ӯҳда дошт ва ахиран бо нияти ширкат дар интихоботи президентии рӯзи 9 августи Беларус аз мақомаш канор рафт. Бабарика гуфтааст, ки мақомот ба хотири фишори сиёсӣ ба ӯ ин парвандаи ҷиноиро сохтакорӣ кардаанд. Ба нишони ҳамраъйиву пуштибонӣ аз Бабарика тахминан 2 ҳазор нафар дар хиёбонҳои Минск раҳпаймоӣ карданд. Бабарика, тибқи гузоришҳо, 100 ҳазор имзои зарурӣ барои пуштибонии номзадиашро   ҷамъоварӣ карда мехост базудӣ барои сабтином пешкаш кунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.