Раҳбари Қирғизистон “афви иқтисодӣ” ваъда дод 

Як рӯз баъди боздошту ба ҳабси хонагӣ гирифта шудани собиқ мақомдори Кумитаи гумрук, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Ҷапаров) ба собиқ мақомдороне, ки аз роҳи коррупсия сарватманд шудаанд, “афви иқтисодӣ” ваъда дод.

Бар асоси изҳороти рӯзи 21-уми октябри Ҷабборов, афв ба ҳама собиқ мақомдорон марбут мешавад, ки дар соҳаҳои “барқ, гумрук, андоз, дорусозӣ, литсензиядиҳӣ ва канданиҳои фоиданок” кор кардаанд.

Ҷабборов ба чунин мақомдорони аз роҳи коррупсия сарватмандшуда 30 рӯз мӯҳлат дод, ки пулҳоро баргардонанд, то ки мавриди афви маъмурӣ ва иқтисодӣ қарор бигиранд.

Ин таҳаввулот як рӯз баъди он аст, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, Матраимов, шарики президенти собиқ Сооронбой Ҷеенбеков дар чаҳорчӯби тафтиши парвандаи коррупсионӣ боздошт ва баъдан ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.