Раҳбари ҷудоиталабони Каталония дар Итолиё боздошт шуд

Карлес Пучдемон, раҳбари ҷудоиталабон бо дархости Испания дар ҳудуди ҷазираи Сардиняи Итолиё боздошт шуд. Ӯ баъди чор сол пеш барпо кардани референдуми итиқлолият, ки онро Мадрид ғайриқонунӣ номидааст, аз кишвар фирор кард. Вакили дифои Пучдемон гуфт, ки ӯ рӯзи 24-уми сентябр  дар додгоҳи истирдодаш ҳозир хоҳад шуд. Каталония як минтақаи дурдаст ва сарватмандтарини Испания мебошад.  

Ҳоло ӯ сокини Белгия ва як узви Парлумони Аврупо мебошад. Пучдемон дар оғоз дар баробари таъқиби ҷиноӣ масуният дошт, вале моҳи март масунияти ӯ бекор карда шуд. Референдуми соли 2017 боиси эҷоди бӯҳрони сиёсӣ дар Испания шуд, чун бар асоси он парлумони минтақаи Каталония эълон кард, ки ин минтақа аз Испания ҷудо аст, вале Мадрид мудирияти мустақимро дар минтақа ҷорӣ намуд.  Дафтари Пучдемон гуфт, ӯ хост дар як ҷашнвораи мардумии мардуми каталон дар Итолиё иштирок кунад, вале ба ҳангоми убури марз боздошт шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.