Раҳбари бахши ҳуқуқи башари СММ харду тарафи низои Ховари Миёнаро айбдор кард

Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, амалкарди низомиёни Исроил дар Ғазза мумкин аст, ҷинояти ҷангӣ шумурда шаванд ва Ҳамос ҳамчун ҳокими ҷазирақаламрави  фаластинии Ғаза бо мушакандозии тахминӣ ба сӯи Исроил шояд қонуни байналмилали башариро поймол карда бошад. Ин изҳороти Мишел Бачелет рӯзи 27 май дар ҷаласаи махсуси Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид садо дод, ки бо талаби давлатҳои мусалмон барои таҳқиқи вазъи ҳуқуқи инсон дар Ғаза, Каринаи Ғарбӣ ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ баргузор шуд. Пеш аз эълони оташбас дар ҳафтаи гузашта, Бачелет гуфт, ки дафтари ӯ ҳалокати 270 фаластинӣ дар Ғаза, Каронаи Ғарбӣ ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ, аз ҷумла 68 кӯдакро, дар давоми як моҳи хушунатҳо тасдиқ кардааст. Аз мушакҳои Ҳамос 10 исроилӣ кушта шудаанд. Дар давоми ҷанги 11-рӯза, Исроил ба минтақаҳои сераҳолии Навори Ғаза ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод, ки  “боиси марги одамон ва захмӣ гаштани онҳо ва вайрониҳои густардаи зербинои осоишта гардиданд”, гуфт Бачелет. Ҳамос ба Исроил беш аз 4000 мушак партофт, бисёре аз онҳоро сипари зиддимушакии Исроил аз байн бурд, вале нагузоштани фарқ байни ҳадафҳои мулкӣ ва низомӣ аз тарафи Ҳамос «нақзи ошкорои ҳуқуқи байналмилалии башарист», афзуд Бачелет.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.