Раҳбари Эрон мубориза бо КОВИД-19-ро болотар аз амнияту иқтисод донист

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон ба мақомоти кишвараш гуфт, ки ба саломатии мардум бештар аз нигарониҳои иқтисодӣ ва амниятӣ бартарӣ диҳанд. Ба назари ӯ, ҳоло кишвар ба мавҷи сеюми хуруҷи коронавирус мубориза мебарад.

Теъдоди қурбониён аз COVID-19 дар Эрон дар ин ҳафта аз 32,000 нафар гузашт.

Хоманаӣ гуфт, ки бояд ҳама корро барои коҳиши фавти сокинон анҷом диҳем ва одамони сироятёфтаро аз оғози бемориашон муайян ва табобат намоем.

Дар рӯзи 24-уми октябр дар Эрон 5814 нафар ҳамчун гирифтори коронавирус сабт шудаанд.

Шумораи умумии гирифторон аз оғози бӯҳрони коронавирус то кунун ба 562 705 расидааст. Танҳо дар 24 соати гузашта дар Эрон расман аз фавти 335 нафар аз коронавирус хабар додаанд.

Шумораи воқеии гирифторон ва фавтидаҳоро коршиносон бештар аз омори расмӣ медонанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.