Раҳбари НАТО гуфт, Беларус ҳарчи бештар аз Русия вобаста мешавад

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО гуфт, Беларус то рафт бештар аз Русия вобаста мешавад, чун Минск барои саркӯби эътирозгарон мавриди инзивои Ғарб қарор гирифтааст. Ин нуктаро раҳбари НАТО  рӯзи 6-уми июн дар сӯҳбат бо Welt am Sonntag баён кард. Қарор аст дар Бритониё рӯзҳои наздик ҷаласаи солонаи НАТО барпо шавад. Дар ин ҷаласа мавзӯи Русияву Беларус калидӣ хоҳанд буд. Пеш аз он рӯзҳои 11 то 13-уми июн бояд ҷаласаи серӯзаи раҳбарони кишварҳои пешрафтаи саноатӣ ё G7 барпо шавад.

Баъди он ки Минск ҳавопаймоеро, ки дар хатсайти Юнон-Литва парвоз мекард, дар хоки худ фуруд оварду аз дохилаш як журналисти оппозитсиониро боздошт намуд, Ғарб таҳрими бештарро ба Беларус раво дид. Столтенберг дар сӯҳбат бо нашрия гуфт, ки НАТО таҳаввулоти Беларусро аз наздик мушоҳида мекунад ва аз равобити  то рафт тангу наздики Маскаву Минск дар ташвиш аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.