Раҳбари пешини “Тоҷпромбонк” ба 8,5 сол зиндон маҳкум шуд

Ҷамшед Зиеёев роҳбари собиқи бонки ҳамакнун касодшудаи “Тоҷпромбонк” ба 8,5 соли зиндон маҳукум шудааст. Дар ин бора оҷонси хабарии “Азияи плюс” рӯзи 18-уми декабр дар такя ба манбаи худ хабар додааст.

Ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — “азонихудкунӣ ва исрофкорӣ”, “қаллобӣ”, “таҳияи ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ” ва сӯистифода аз мансаб айбдор шудааст.

Мурофеаи Зиёев дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аввали моҳи декабр баргузор шудааст, аммо масъулони додгоҳ аз ифшои ҷузъиёти ин қазия худдорӣ мекунанд. Ин аст, ки бо гузашти як ҳафта хабари маҳкум шудани Ҷамшед Зиёев расонаӣ шуд. Зиёев аз оғози таъсис аз роҳбарони “Тоҷпромбонк” буд. Ин бонк соли 2016 дар авҷи буҳрони бонкӣ муфлис ва ё бонкрот эълон карда шуд ва муҷаввизи фаъолияташ аз сӯи Бонки миллӣ бозхонд карда шуд.

Ҳоло бо ҳабс шудани Ҷамшед Зиёев муштариён нигаронанд, ки тақдири амонатҳои онҳо чӣ мешавад. Чун онҳо мегӯянд, ҳабсу зиндони кардани Зиёев роҳи ҳал нест ва мақомот бояд сараввал ба бозгардони амонати мардум талош кунанд.

Солеҳамо Самадова, раҳбари Шӯрои амонатдорони “Тоҷпромбонк” гуфт, “ҳисси ман ин аст, ки пас аз ҳабс кардани Зиёев мегӯянд, ки ҷазояшро гирифт ку? Мо борҳо гуфтем, ки аз бандиву боздошт кардани Зиёев ягон фоида нест! Мо мехостем ки аз наздик бо Зиёев суҳбат кунем, ки пули моро баргардонад”.

Фирӯз Шарипов, ки ҳоло масъули таракаи мавол ва дороиҳои “Тоҷпромбонк” таъин шудааст, гуфт, ки айни замон беш аз 30 миллион сомонӣ амонати мардум дар бонк дармондааст, ки бояд баргардонида шавад. Аммо ӯ аз додани иттилои бештар дар мавриди оне, ки чӣ миқдор дороӣ ва амволи бонк боқӣ монда аст, маълумот надод.

Бархе аз муштариён мегӯянд, маъмурияти қаблӣ аксарияти амволро фурӯхт ва зоҳиран чизе барои бозгардон дигар боқӣ намондааст.

Мушкили бозпас гардонидани пулҳои амонатгузорони бонкҳои Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2016 доғ шуд. Ҳукумати Тоҷикистон дар авҷи бӯҳрони бонкӣ дар моҳи декабри соли 2016, барои наҷоти ду бонки бузурги кишвар “Тоҷиксодиротбонк” 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ва ба “Агроинвестбонк” 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кард.

Дар оғоз “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” низ қарор буд таҳти ҳимояти давлат қарор бигиранд. Барои наҷоти ин ду бонк 530 миллион сомонӣ пешбинӣ мешуд. Аммо ин ду бонк таҳти ҳимояти давлат қарор нагирифтанд ва рӯзи 24-уми феврали соли 2017 Бонки миллӣ ғайримунтазира эълон кард, ки муҷаввизи “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро бозхонд карда, фаъолияти онҳоро қатъ мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.