Раҳбарони Руминия ва Молдова аз оғози ҳамкориҳои тоза гуфтанд

Ёҳаннис Клаус, раиси ҷумҳури Руминия ва ҳамтои молдовании ӯ Мая Санду қавл доданд, ки дар ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя саҳифаи наве боз мекунанд. Ёҳаннис Клаус рӯзи 29-уми декабр ба шаҳри Кишинёв, пойтахти Молдова омад, ки раиси ҷумҳури тозаинтихоби он мехоҳад, кишварашро ба Иттиҳоди Аврупо наздиктар карда ва коррупсияро аз байн барад.

Мая Санду моҳи гузашта дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, рақибаш Игор Додон, сиёсатмадори Русиягароро шикаст дод ва раиси ҷумҳури Молдова шуд. Дар шаш соли гузашта ҳеч яке аз раиси ҷумҳурони Руминия ба Кишинёв сафар накарда буд ва боздиди Клаусро аломате аз гармтар шудани робитаҳои ду кишвар мешуморанд.

Молдова, ки яке аз кишварҳои фақири Аврупост ба ду ҷабҳа тақсим шудааст. Як қисми аҳолӣ тарафдори ҳамкории наздик бо Русия ва қисмати дигар тарафдори ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Аврупо аст. Руминия ва Молдова фарҳангу забони муштарак доранд.  Ёҳаннис Клаус ваъда дод, кишвараш ба Молдова кумакҳои иқтисодӣ мекунад ва аз ҷумла ба он 200 000 ваксинаи Пфайзер-Бионтек медиҳад. Мая Санду аз оғози ҳамкориҳои нав бо Руминия изҳори хушнудӣ кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.