Раҳбарони собиқи Telia аз рӯи қазияи порадиҳӣ ба Гулнора Каримова сафед шуданд

Додгоҳе дар Стокҳолм ҳукми сафедкунандаи се мақомдори собиқи ширкати азими мухобиротии  Telia-ро, ки дар порадиҳӣ ба  духтари президенти пешини Узбекистон Гулнора Каримов дар ҳаҷми 320 миллион доллар айбдор мешуданд, бетағйир гузошт. Ларс Нюберг, собиқ раҳбари иҷроияи Telia ва ду ҳамкори собиқаш барои порадиҳӣ ба собиқ коршарикашон дар Узбекистон дар солҳои 2007 то 2010 гунаҳгор шуданд, худи онҳо иттиҳомро рад мекунанд.

Додгоҳи таҷдиди назари Стокҳолм рӯзи 4 феврал ҳукми додгоҳи зинаи поёниро дар бораи сафед шудани ин се нафар дастгирӣ кард.  Мурофиаи онҳо сентябри соли 2018 шурӯъ шуда, додгоҳ миёнаҳои феврали соли 2019  онҳоро сафед кард.

Додгоҳи ноҳиявии Стокҳолм дар ҳукмаш гуфт,  бо сабаби ин ки ҳеҷ як мақоми давлатии Каримова ва иртиботи он ба соҳаи мухобирот исботи худро наёфт, айбдоршавандаҳо ҳам наметавонанд гунаҳгор эътироф шаванд.

Ларс Нюберг, инчунин собиқ мушовири Telia дар минтақаи Авруосиё Олли Туоҳимаа ва собиқ муовини раиси ширкат Теро Кивисаари розӣ шуданд 1 миллиард долларо ҳамчун ҷарима барои кӯмак дар ҳалли қазияи марбут ба порадиҳӣ пардохт кунанд. Онҳоро соли 2017 ба ҷавобгарӣ кашиданд.

Telia ягона ширкати байналмилалӣ нест, ки дар порадиҳӣ ба мақомоти Узбекистон айбдор мешавад. Моҳи феврали соли 2017 ширкати VimpelCom-и воқеъ дар Ҳолланд, ки  аз ҷониби як ширкати русӣ назорат мешавад, розӣ шуд, ки барои ҳалли қазияи порадиҳӣ 795 миллион доллар пардохт кунад.

Гулнора Каримоваи 48-сола, ки замоне ӯро ҷойгузини падар дар мақоми президентӣ меномиданд, соли 2014, замони зинда будани Ислом Каримов ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Каримов соли 2016 даргузашт ва Шавкат Мирзиёев президенти Узбекистон шуд.

Декабри соли 2017 Каримова ба 10 соли зиндон маҳкум шуд, вале баъдан ҳукми ӯ ба ҳабси хонагӣ ва  5 соли ҳабс иваз гардид. Соли 2019 ӯро бо иттиҳоми ин ки гӯё шароити ҳабси хонагиро нақз кардааст, ба зиндон андохтанд. Моҳи марти соли 2020 Каримова бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ, пулшӯӣ ва дигар ҷиноятҳо ба 13 солу 4 моҳи иловагӣ ҳабс шуд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.