Раҳматилло Зойиров ҳам гирифтори вируси куруно шудаааст

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Ҳукуқдони варзида, Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров аз гирифториаш ба бемории вируси куруно хабар дод.

  • Ӯ  дар саҳфаи фейсбукиаш навиштааст, ки “8 рӯз боз мубталои вируси куруно ҳастам. Талаби шифо кунед. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ба хонаам наоянд!”.
  • Қаблан Раҳматилло Зойиров аз гирифтори зукуми вазнин шуданаш дар авохири моҳи январ хабар дода буд.
  • Зойиров ҳамчунин 27-уми апрел аз мавҷудияти вируси куруно дар Тоҷикистон навишт, ки он замон ҳанӯз дар Тоҷикистон ин вирус ба қайд гирифта нашуда буд.
  • Мақомоти Тоҷикистон пас аз 3 рӯзи эълони Зойиров, рӯзи 30-уми апрел гирифтории 15 кас ба вируси куруно дар кишварро тасдиқ карданд.
  • Бинобар иттилоъи расмӣ гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон 230 касро ташкил дода, 3 кас ҷон бохтааст, аммо ба маълумоти Ҳукумати Тоҷикистон намешавад эътимод кард.

The post Раҳматилло Зойиров ҳам гирифтори вируси куруно шудаааст appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.