Раҳмон умедвор аст, равобит бо Қирғизистон “сатҳи сифатан нав” касб мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон табрик кард. Дар барқияе, ки матнаш 12-уми январ дар вебсайти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуд, натиҷаҳои интихоботи Қирғизистон  ҳамчун “далели ҷонибдории васеи ҷомеа” ситоиш шудааст. Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кардааст, ки равобити ду ҳамсоякишвар “ба сатҳи сифатан нав” мебарояд.

Баъди ҳисоби тахминан тамоми баргаҳо Комиссиюни марказии интихоботҳо гуфт, ки Ҷабборов 79,2 дарсади овозҳоро бурда ғолиби интихоботи президентӣ эълон шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам беш аз 976 км марзи муштарак доранд, вале ҳалношуда мондани мақоми 504 км сарҳад ба яке аз мушкилоти ҷиддии миёни ду ҳамсоя табдил шудааст. Дар деҳоти марзии байни ду кишвар, асосан дар қитъаҳои байни вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон соле чандин ҳодисаи задухӯрд ва муноқишаҳои марзӣ рӯй медиҳад, ки гоҳо бо марги инсонҳо меанҷомад. Ҳар ҳоле, ки ҳарду кишвар ба пешбурди муколамаву музокирот дар чаҳорчӯби комиссиюни байнидавлатии аломатгузории марз ҳамчун танҳо роҳи ҳалли ихтилофҳои марзӣ таъкид мекунанд, дар давоми наздики 30 соли касби истиқлолияти ду кишвар ду тараф  натавонистанд сари таъин ва аломатгузории марзи муштарак ба мувофиқа расанд. Дар натиҷа, ҳар сари чанд вақт сокинони марз барои дастрасӣ ба роҳу об ваё чарогоҳҳо даргир мешаванд.  

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.