Раҷабмад Амиров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон даргузашт

Раҷабмад Амиров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон субҳи 26-уми дар сини 67-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи ҳамкоронаш, ӯ солҳои ахир аз дарди ҷигар ранҷ мебурд. Маросими ҷанозааш имруз, чаҳоршанбеи 26-уми май қабл аз зуҳр дар масҷиди Сариосиёи Душанбе баргузор мешавад. Ба гуфтаи ҳамкоронаш, Амиров бо вуҷуди беморӣ то як ҳафтаи охир ба кор мерафтааст. Амиров солҳои охир ба ҳайси ноиби ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кор мекард.

Раҷабмад Амиров хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода мебошад. Солҳои 1989 то 1990 ба ҳайси ректори ин донишкада фаъолият кардааст.

Солҳои 2001-2004 муовини аввали вазири фарҳанг ва аз соли 2004 то 2007 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд. Соли 2007 як муддат дар мақоми ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов низ кор кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.