Дурӯягӣ, фитна ва тӯҳматбофиро бас кунед, “озодандешон” ва сиёсиҳои хасакӣ!

Раддия ба дурӯғпароканӣ ва тӯҳматҳои ба ном  раёсати “Анҷумани озодандешони тоҷик” ва  ҳампаймонҳояшон 

“Шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ӯ маълумоти бардурӯғ ва ё маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориашро паҳн намудааст, ҳуқуқ дорад аз редаксияи он нашри раддияро талаб намояд”.

(Моддаи 19-и Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”)

 

  Вақте бори аввал аз шумо дар зимистони соли 2018  пурсидам, ки дар ташаккули наватон чӣ вазифа доред, гуфтед, ки “вазифаи ман спикер аст, аммо бачаҳои наҳзат иштибоҳ гирифтаанду сухангӯй” навиштаанд.

Чун  “иштибоҳи” дигарашон дар бораи таъсиси ИНОТ-2 дар ҳошияи ҳамоиши Дортмунд (июли 2017) шумои муҳоҷирро асабӣ карда буд, мавзуъи суҳбатро дигар кардам.
Ҳол он ки хабарро аз расонаи гӯё мустақил хонда будам. Ҳоло иҷозат бидеҳед ба шумо ба симати таъйинкардаи худатон муроҷиат кунам.

 Рафиқ “спикер”!

Szanowny Panie, Алим Шерзамонов!

Чанд бор аст, ки дар сафҳаҳои марбут ба ташаккули шумо карикатураҳо бо истифода аз аксҳои ман нашр ё бознашр мешаванд. Таҳияву нашри карикатура кори хуб аст, агар таҳиягар аз чорчӯби ахлоқу қонун берун наравад. Ҳадафаш фитнаву душманӣ эҷод кардан набошад.

Мутаасифона, дар яке аз ин карикатураҳо аз номи ман иқтибос оварда шудааст, ки комилан дурӯғ аст. Ман ҳаргиз нагуфтаам: “Демократия должна существовать только для избранных”. Чунин сухане аз ман баъид аст, зеро комилан хилофи арзишҳову корномаву шеваи зиндагиям аст.

Ҳар касе, ки камтарин шинохт аз ман дорад, фитна будани ин амалро ба осонӣ дарк мекунад.

Карикатура аз сомонаи “Бгидега”.

Ташхис додам, ин “иқтибос” маҳсули тахайюли узви Шурои раҳбарии созмони шумо,  роҳбари “Департамент”- и… Паймони миллии Тоҷикистон, маъмури сомонаи “БгиДега” Темур Варқӣ будааст. Чун забони миллиро хуб намедонад, ба забони русӣ гуфтовард метарошад.

Ман ин одамро дуруст намешиносам, чун чанд бор дар ҷамъи дигарон дидаам, ки зиёфати муфт мехӯрд. Имкони суҳбат кардан бо вай ҳам набуд. Ӯро бори ахир дар Душанбе рӯзи ҷанозаи модари раҳматияш  дидаму як бор дар Вена ҳамроҳи худат сари роҳе. Дар ҳарду ҳолат ҳам сухан аз демократия набуд.

Аммо як бор ба ӯ дар Фейсбук дарси адаб дода будам, ки сахташ расидааст. Бояд гуфт, ки ҷаҳли мураккаби ин ранҷидаро рассом то ҷое боҳунарона тасвир кардааст.

Агар ин карикатура ҳунари шогирди нохондаи мактаби рассомии Саратов, узви Шурои АОТ, таблиғгари Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ, идеолог ва асосгузори Паймони миллии Тоҷикистон Сайидюнуси Истаравшанӣ аст, офаринаш бод!

Хеле заҳмат кашидааст. Дар ин синн инчунин ҳавсала кардан осон нест. Ишқ ё нафрати беандоза бояд дошт.

Ё мисли “Саид Сафаров”-у додараш аз масъулони дигари тарҳ ниёз ба пулу кейси паноҳандагӣ дар Фаронса. Ба қавли худаш “Умный бизнес”-де.

Мутаасифона, “исмеш қирмизӣ” аз мактаби миниатюри “Фитна-корпорейшн” ҳам таълимоти Қуръону ҳадисҳои Муҳаммад (с) зери по карда, дар паҳн кардани дурӯғ саҳм гирифтааст.

Ҳол он, ки медонад: “Ва дар некукорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар ҳамкорӣ кунед ва дар гуноҳу ва ситамкорӣ дастёри якдигар набошед.” (Моида, 2)

Аз ӯ, ки нақшу рафтораш дар муҳити сиёсии тоҷик раҳматӣ Қиёмиддини Ғозиро ба ёд меорад, (ҳарчанд даҳяки харизмаву ҳунари суханварии марҳумро надорад) домангир нестам, чун огоҳам, ки бандӣ асту ноилоҷ.

Бо он саллаву тақдири сиёҳ чи гузинае ҳам дорад, ба ҷуз аз худ бозигари сиёсӣ тарошидан назди хидматгорони охундҳову пушти дурбин худро рӯшангари динии мазҳабаш номаълум намоиш додан барои тоҷикҳои зудбовари ман.
Ба қавли аммаи Гулонам “дар пушташ ишқорчуваку аз думаш калаи лавӣ”.

Вале “спикер”  Алим Шерзамонов, худатонро чӣ бало задааст, ки иҷозат медиҳед ин ҳама беҳаёӣ ва фитна аз номи шумо паҳн шавад?!

Jak mam to kur…a rozumieć!?

Ё “ҳимоят аз ҳуқуқи тоҷикон ва тоҷикистониён дар ҳар ҷое аз дунё”, ки дар Ойинномаи Анҷуманатон омадааст, ҳамин аст? Дурӯғ гуфтану таҳқир кардани тоҷикони муҳоҷир аз кай боз ҳимояи тоҷик шудааст, намакзада?!

 Фикр накардед, ки нашри ин карикатураҳо, мисли “фошкории” инҷиқи дигаре аз ҳампаймононатон, ки ба мақомоти Тоҷикистон аз паноҳандагии сиёсии доштан ё надоштани  рӯзноманигорон хабаркашӣ кард, боиси азияти хонаводаву наздикони ман мешавад?

Барои ҳар зиндониву ҳар бонуву кӯдак аз шумори ёронатон садо баланд кардани ману дигар фаъолони ҷомеаи маданӣ пеши назарат наомад, нохалаф?!

Ё кӯдакони мо барои гурӯҳаки шумо одам нестанд? Ё шояд волидонамон аз оҳананд?!

Ман аз азизонам узр пурсидаму эътироф кардам, ки одамшинос нестам. Аммо бенамакии туву ҳамнишинҳоят аз ёди мусофирии онҳову хотираи падару модари чашм ба роҳ намеравад. Сияҳкориҳоятон дар муҳити иттилотиву сиёсӣ ҳам дар саҳфаҳои торихи навтарин навишта мешавад.

Ба нашри карикатураи якум ҳеч вокуниш нишон надодам, чун онро ғарази ду-се шаштинаи сиёсиву иштибоҳи шумо қабул кардам. Аммо иштибоҳ набудааст. “Сиёсати редаксионӣ будааст, гӯид”.

Карикатура аз сомонаи “Бгидега”

Дар карикатураи дигар боз ҳам ба ман тавҳину таҳқирро раво дидед. Акси маро миёни душманони идеоложии худатону пропагандисти ҳукумат ҷой додед. Ҳамоне, ки маро “мушовир”-у “политтехнологи наҳзат” туҳмат зада буд.

Он замон нашри раддияро зарур надонистед. Ҳол он ки ба  як навиштаи 20-21 ҳарфии ман ё дигаре ошкору ниҳон баёния пахш мекунед.

 Ин бор боз маро ҷонибдор ё ҷосуси ҳукумати худкома тасвир кардед. Бо мақсади ифлоси обрӯи касро резонидан дубора туҳмат задед. Дониста.

Бехабар аз он, ки, ба қавли апаи Саломат, аз таҳқиқоти “Рӯзи сиёҳи таксист” -и “Нигоҳ” “туҳмат гирди Коинот давр зада баргашта дар сари туҳматгар мезанад”.

Ҳар амалкардатон мисли озори лафзиву ҳамон бонуи муҳоҷир, ки бо “ишқи беҷавоб”-аш  солҳо дастаҷамъона масхарааш мекардед, бармегардад.

Каллаҳои пукро омода кунед. Ҳатман бармегардад.

Хеле мутаасифам, ки вокуниши дастаҷамъии Паймони миллӣ ба як нигоштаи ман, ки бо нияти неки таҷрибаи миллӣ шудани арзишёбии дебатҳои сиёсӣ навиштам, чунин ранг гирифт.

“60 ба 40” сахтатон расид?  Як назари субъективӣ?!

Беш аз 400 хабару мақолае, ки дар Тоҷнюсу “Нигоҳ” пас аз бастани ҲНИТ (аз қавли сухангӯи вақти ҳизб Маҳмудҷон Файзраҳмонов, ки ин гуфтааш маро низ ба ҳайрат оварда буд) нашр кардаам, пеши назаратон наомад? Ин ҳам ба ёдатон нарасид, ки ягона расонадору рӯзноманигори тоҷик будам, ки беш аз як сол дар “Нигоҳ” аз навиштани унвони худхондаи “Пешвои миллат….” худдорӣ кардаву зери фишор қарор доштам?!
Қазияи “ПрезидЛент”-у барҳам задани заҳматҳои 10-солаи маро нодида гирифтеду бар ман тохтед. Карикатура сохтеду…

Ҳайфи шумову ёронатон!

Ин гуна нобакориро пушти “ба ягон кас шахсан ҷавоб намегӯем” ҳам пинҳон карда намешавад. Ҳақиқату инсофу оини ҷавонмардиро зери по кардед.

***

“Шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ў маълумоти халалдоркунандаи ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаашро нашр кардааст, ҳуқуқ дорад дар ҳамон воситаи ахбори омма ҷавоби худро нашр кунад”.

(Моддаи 18-и Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма)

Воқеъан тоқии сари ман ин бор хеле зебанда буд, не?

Як дӯстам гуфт: “Бо чӣ мефората ҳамшаҳрии раисмонай гуфта як тоқии висши клас дар сарут мондиян… ”. Хеле хандидам. Бо дард ҳам. Ба ҳоли шумо, ки дар шароити танг маблағу вақти худро ба карикатура ба забони русӣ зидди як рӯзноманигор харҷ кардед.

Ҳамон рӯз ба паёмрасони АОТ навишта, хостам аз пайомади туҳматбофӣ ба ҳар яке аз “озодандешон”-у “паймониҳо” , ки пои баъзе ба лаби гӯр наздик шудаасту хирад аз танашон дур, ҳушдор диҳам, аммо касе аз он тараф микрофонро рӯшан накард.

Маҷбур шудам ин номаро нависам ва инак мепурсам: Айб нест, рафиқ “спикер”?!

Гӯри сиёсату мавзеъгириҳои ҷамъиятӣ, одаму одамгарӣ чи шуд? Мусулмониву тоҷикиятон чӣ шуд?

Дарёи пиво бурдаш ё дар мӯйҳои рони чиркинаки навбатӣ дармонд?!
Афсӯс. Сад афсӯс!

Рӯзи баргаштанат ба Душанбе баъди қазияи “К+” ба ёдат наомад?
Гуноҳ кардем, ки аз фурудгоҳи Варшава оварда дар манзиламон меҳмонат кардему ба қадри тавонамон кӯмак?!

Бачаҳои хурдсолам то чанд вақт мепурсиданд, ки “бобои ришдор” куҷост. Қуръони сирриликиятон ҳоло ҳам амонат дар хонаи мост. Суроға ҳам ҳамон аст, ки буд. Як рӯзи чаҳоршанбе биёед, “Ёсин-”атон хонам.

Аммо пешопеш хабарам кунед, то пайвандонамро ягон ҷо равон кунам. Боз ягон пиёз ё тухм напараду расонаҳои корфармоят аз “Суиқасд ба ҷони ду равшанфикри тоҷик дар Урупо” хабари “муътамад” пахш кунанд.

 Вале то он рӯз биандешед. Амиқ биандешед, ки чаро ба ҳар касе, ки ба Паймони миллӣ напайваст ё назари дигар дорад ё аз амалу беамалии шумо интиқод мекунад, бархӯрди носолимро раво медоред?!

Яке “мухолифи мухолифон”, дигаре “бедину муртад”, севумӣ “узбак”, чорумӣ “фурӯхташудаву ҷинзада”…  Бо кадом имону виҷдон ин ҳамаро тоқат мекунед, балки гоҳе ҳам аз номи худ нашр?!  Ин ҳама бефаросатӣ аз куҷо?!

Ҳеч тоҷики маъруф дар Урупо намонда, ки тамға назада бошед.

Шогирдони тоҷики Феликс Эдмундович назди шумову мактаби “анонимканависӣ”-тон ҳеч будаанд. Ҳатто онҳо аз Брюселу Маскаву Теҳрон то Вашингтону Сидней ғаразу нафрат кориданро таҷриба накардаанд. Ягон тоҷики маъруф дар Аврупову Амрико монда, ки аз болояш ба созмонҳову сафоратҳову мақомот шикоят набурда бошед?!

Рафиқи спикер, ба чашми сар намебинед, ки миёни мошини саркӯбгари “Еврокашар”-и Муҳиддин Кабирӣ, “Авангард”-и   Рамазон Раҳимзода ва “Фабрикаи ҷавоб”-и Саймумин Ятимов ҳич фарқе намондааст?!

Балки манфуртар ва хабисонатар амал мекунад.

Бечораҳои авангардиву фабрикаиҷавобӣ моро намешиносанд, арзишҳоямонро намепазиранду аксар примитиванд, аммо шумо чӣ?!

Мухолифи як ҳукумат будан айни ҳамон ҳукумат будан нест!

Онҳо дар бораи қарзи бонкии худату пешвоёни ҷавонони Бадахшон “компромат” паҳн мекунанду бародарзодаҳои Кабирӣ дар бораи баҳсу кашокаши ман бо як ширкати мобилӣ.
Як усул, як мактаб….
Беҳаёӣ ва риёкорӣ аз ин беш намешавад.

Ба назарам, “эҷоди муҳити солим ва рақобатпазир дар фазои иттилоотии кишвар”, ки асли худ эълон кардаед, набояд ингуна амалӣ шавад.

Ҳон, нобакорон! 

Мардум аз дурӯғу дасиса, озори лафзиву зӯргӯии шумову артиши фейкҳоятон хаста шуданд. Оё боре меандешед, ки чаро ин қадар заҳрогинед, ки ҳеч солимфикре на дар Ватан ва на дар хориҷ намехоҳад бо шумо иштирокоте дошта бошад?

Ин садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик бояд зиндагӣ кунанд, фарзанд ба воя расонанд, фарҳангу одобу дину мазҳабашонро ҳифз намоянду рушди инсонӣ кунанд. Бе баҳамоиву ниҳодсозӣ ин ҳама мушкил аст…

Аммо ҳатто орзуи муқаддаси “халос шудан аз золим” муборизони воқеъиро бо шумову паймони фейкиатон ба ҳам намеорад. Зеро рӯшан шуд, ки “наҳзатисозии муборизахоҳии тоҷик” роҳ ба нокуҷост.

Мардум мефаҳманд, ки ворид шудан ба хоҷатхонаи кӯҳнаи фаршаш шикаста хатарнок аст. Ҳеч кас намехоҳад ба ин чоҳи бадбуй биафтад.

Рафиқ “спикер”!

Маро ба чанд думраву чоплус ва ҳам афроде, ки аз ночорӣ аз паймону раисатон пуштибонӣ мекунанд ё аз нодониву зудбоварии тоҷикӣ умед мебанданд, коре нест, аммо ба худатон гуфтанӣ дорам.

Дигар даъво накунед, ки “хадамоти махсус аст, ки моро ҷанг меандозад”. Магар хадамот метавонад даҳҳо тан мардону бонувон, инсонҳои болиғро бидуни иродаи онҳо ҷанг андозад?!

Агар чунин аст, чаро 15–20 сол боз Раҳматулло Зойировро ба ягон соҳибназару рӯзноманигору фаъоли ҷамъиятӣ ё ҳатто интиқодгаронаш ҷанг андохта натавонист?!

Чаро ҳеч кас аз Ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24” зери роҳбарии Суҳроб Зафар дар панҷ сол бо дигарон дар фазои маҷозӣ дастбагиребон нашудааст ё агар тасодуфан шуда, дар чанд соат низоъ аз байн рафтааст?

Чаро фарзандони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ин корро намекунанд?

Зеро онҳо одамони ботарбия, роҳбарони бохирад ва сиёсатмадорони якрӯ мебошанд. Худхоҳии бадахлоқонаи худро ҷомаи диниву миллӣ намепӯшонанду “гӯри тоҷик сӯзаду деги мо ҷӯшад”-ро шиъори худ накардаанд. Аз худ алломаи сунъӣ наметарошанд.

Бале, мушкили шумо ва ҳампаймонҳоятон дурӯғҳои пайдарпай, тавҳину таҳқири дигарон, пропаганда, шахспарастӣ, номдуздӣ ва ғ. ҳ. аст, ки на аз Исломанду на хосси инсонҳои исломоварда, ки билахира шуморо ҳамон фарши шикаста кардааст.

Дар ҳадис омадааст, ки “Бадтарин нафарон ба назди Худо рӯзи охират шахсони дурӯя ҳастанд, ки назди гурӯҳе бо як рӯй ва назди дигароне бо рӯйи дигар меоянд.” (Ривояти имом Бухорӣ (5711) ва Муслим (4844))

Аз чанд риёкорӣ ва интригаҳоятон ном  мебарам то хотираатон рӯшан шаваду ҷомеа ҳам аз асли кор огоҳ бошад:

  • Номи “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро шумо аз “Паймони миллии Тоҷикистон”-и Ҳафиз Бобоёров ҳадафмандона дуздидед.

Моҳи августи соли 2018 ман аз шумо ва Муҳиддин Кабирӣ талаб кардам, ки ин корро накунед, зеро бо ҳамин ном яке аз нахустин маҳфилҳои фарҳангии тоҷикони берунмарзӣ шакл гирифтан дорад, ки ҳадафи раёсати 8 нафарии он бо шумули камина ба ҳам овардани тоҷикони Урупо аст. Далел овардам. Шумо санади пештар аз он оварда натавонистед.

Ҳушдор додам, ки ин кор ба парокандагии тоҷикон меорад.  Хушбахтона, ман аз ҳеч узви маҳфил ном набурдам, аммо шумо аз таҳлили корзорҳои баргузоркардаи маҳфил як тан аз узви онро ташхис додеду чанд рӯз пас ӯ изҳорот дод, ки дар ҳеч маҳфилу гурӯҳ буда наметавонад. Дертар маълум шуд, ки ин кор ҳадафмандона дар доираи стротежии назҳатии “ИНОТ-2” Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидюнуси Истаравшанӣ сурат гирифтааст. Ин буд, ки ман аз он ба баъд ҳатто суҳбат бо шуморо барои худ ҳаром донистам;

 

  • Эълони ташкили “ИНОТ-2” дар ҳошияи ҳамоиши Дортмунд, ки “Ибтикори тоҷикони бурунмарзӣ” унвон шуда буду узрхоҳии сухангӯи ҲНИТ аз худи шумо, ки “иштибоҳ” шудааст дар пайи он, аз интрига ва дурӯғҳои дигаратон аст.

Аҳдофи аслии онро як ҳафта баъд роҳбари “Гуруҳи 24” бо пахши як видео фош карда буд. Он ҳилаи шаръӣ, ки моҳиятан паём додан ба мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон буд (дигар бозигарони сиёсии минтақаву ҷаҳон, ки аз рангу рӯи ИНОТ безоранд), тақдири чандин ширкаткардагон дар он ҳамоиш ва наздикони онҳоро сӯхт, ки масъулияташ боз ҳам сари шумост. Ҳамон нахустин пости бистучандҳарфиро, ки хашму ғазабатонро овард баъди суҳбат ва ба пуштибонии яке аз ҳамон қурбониҳо, ки бародарону падарашро дар Тоҷикистон азият доданд, навишта будам. Вагарна,  кирои гап надоштани шуморо кайҳо ташхис додаам;

 

  • “Анҷумани озодандешони Тоҷикистон”, ки мақаррашро гоҳе Вена ва гоҳе Варшава мегӯед, вуҷуд надорад, чунин шахси ҳуқуқӣ дар феҳристҳои урупоӣ нест.

Як замон мақарри ПМТ-ро Варшава менавиштеду чун пурсидам, ки чаро, гуфтед, ки иштибоҳ шудааст. (Паймони миллиатон ҳам дар Варшава мақару суроғаи ҳуқуқӣ надорад. Дурӯғ набофед) Ҳамин буд, ки худатон ва ёронатон ҳеч нишоние барои равон кардани номаи расмии ман пешниҳод карда натавонистеду сабаби аслии пайдо шудани ҳамин номаи боз гаштед.  Сомонаи ин ба ном “ташаккули мустақили сиёсиатон” аз ҷониби Сайидюнуси Истравшанӣ ва дигар кормандони пойгоҳи суханпарокании Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ “Кимиёи саодат” аз як кошона идора мешавад. Берун шудани Хосият Ёрова, Равшани Темуриён ва Ҳаким Раббимпур аз созмонатон ҳам  аз ҳамин об мехӯрад;

 

  • Дар қиболи Додоҷони Атовулло интригаҳо роҳандозӣ кардед. 

“Қадам Исматов”-ро, ки жож мегуфту дар баробари ман ва чандин нафари дигар таҳқирро раво медид, “Додоҷон Атовуллоев” мегуфтед. Ин фитна боиси дилсардии чандин нафар ва як силсила таҳоҷуми иттилоотӣ ва озори лафзӣ гашт. Шумо Атовуллоевро зидди худ шӯронидед. Ҳамчунон, ки даҳҳо тани дигарро низ. Акнун ба халосгар зор шудаеду аз номи Дабирхонаи амиратон пора пешниҳодаш мекунед;

 

  • Номи “БгиДега”-ро низ дар пайи корзори ҷамъиятии “БгиБега” дуздидед.

Ҳол он ки огоҳ будед, ки тарҳи “БгиДега” дар Ютуб аз соли 2017 фаъол асту то оғози кори сомонанаи шумо чандин ҳазор пайгирандаву хонанда дошту дорад. Фикр накардед, ки чӣ бархурде мақомот бо гардонандаҳои ин конол мекунанд. “Зердастони мулло Овкапак қурбони ҳаштеги машҳури #BgiBega шуданд”. Ин сарлавҳаро бароятон туҳфа мекунам, “хасдуздҳои бадтар аз уштурдузд”!;

 

  • Интригаи дигари шумо, ки ҷомеъа аз он бояд бидонад, кандани қабри карйераи Соҷидаи Мирзо ба хотири зери контроли “худиҳо”қарор додани радиои “Озодӣ” буд.

Бо суъистифода аз коршиносони байнулмилалӣ ва соддагиву арзишмеҳварии мо. Бо ошнобозӣ. Дер ё зуд ин таркибҳои ин интрига низ фош мешаванд. “Ҳеч сирре пӯшида нахоҳад монд”. Бояд аз Соҷидаи Мирзо, ки мисли ман солҳо атрофашро маъшуқаву “мухолиф”-ҳои аллома печонида будаанд, узр пурсам.

Бонуи гиромӣ, ҳарчанд интиқодҳоям баҷо буданд, аммо аз амалиёти ифлос будани ин кор хабар надоштам. Пӯзиш мехоҳам аз Шумо. Хомӯш нашинед, тадқиқоти ин қазия ҳақиқатро барои Департаменти давлатии ИМА ва Конгресс рушан мекунад.

 Аз ин бештар намегӯям, танҳо ин нуктаро таъкид мекунам, ки “ниҳодина кардани фарҳанги демократия ва ҳифзи чеҳраи дунявият дар сохтори сиёсии Тоҷикистон” (Ойинномаи АОТ) зери назорати мақомоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон кори номумкин аст.To jest niemożliwe, Panie! To jest absurdalne!

Иқрор шавед, ки сари худату Шарофиддину даҳҳо тани дигар “кулоҳ гузоштанд” ё дақиқтараш “каллаи хар” карданд.

Фикр мекунам, аз шарм сар набардоштану хомӯшӣ баргузиданатон дар баробари бадахлоқиву беинсофиҳои онҳо дар баробари ман ва даҳҳо тани дигар аз ҳамин аст.

Мутмаин бошед, ки дер ё зуд асли кор ва “изҳои рақамии” ин қазияҳо ба мақомоти Иттиҳоди Урупо ва ИМА низ маълум хоҳанд шуд.

Камҳиммативу бемасъулиятӣ дар баробари муборизахоҳии тоҷик назди мардуми тоҷик низ. Ахирӣ дар назди миллату торих ҷавобгарӣ дорад.

Зеро зиёни он метавонад сангинтар аз шиъори “Амрико, Амрико марг ба кирдори ту, Хуни шаҳидони мо мечакад аз чанги ту” бошад, ки марҳум Қиёмиддини Ғозӣ дар соли 1992 сар медод. Он замон ман ҷавон будаму ақли фарёд кашидан надоштам.

Ҳоло бо тамоми вуҷудам ва бо садҳо ҳазор ҳаммиллатҳоям наъра хоҳем зад.

Бидонед ва огаҳ бошед, ки Тоҷикистон на ҷавлонгоҳи ҳукумати хонаводагӣ асту на майдони дастнишондаву бандиҳои охундҳои эронӣ.

Мо, тоҷикон афтидаву хеста, сӯхтаву пухта ҷомеаи маданиву давлатдории навинамонро худамон месозем.

Умедворам, ки хиради азалии мардум кор медиҳаду ин марҳилаи торихиро бидуни зӯровариву хушунат паси сар мекунем.

Барои ин кор мо ба ягон раису ҳазрату доҳиву эътилофи хасакӣ ниёз надорем.

Аз “Фронти халқӣ”-ятон ҳам безорему аз ИНОТ-ҳоятон ҳам!

Мутмаинам, ки амалҳои шармовари шуморо аксарияти рӯшанфикрон, муборизон, пайвандони зиндониёни сиёсиву худи онҳо, ҷонибдоронатон ва ҳатто исломгароёни воқеъӣ ҳам қабул надоранд.

Умедворам ин вокуниши иҷбории ман ҳеч тан аз онҳоро дилшикаста нахоҳад кард. Як мушти обдор ба лабу лунҷи кашоли авбоши хилминие қабул мекунанду бас.

Ва нуктаи ахир,  Panie “спикер”.

Эътироф кунед, ки шуморо чун рифолаи сиёсӣ истифода бурданд. Дер дарёфтед, ки дар сиға қарор доред.

Ҳоли табоҳи шумо ва ёрони риёкоратонро на cадҳо карикатура бар зидди ман, на кибербулинги фаъолони ҷомеа, на ҳатто террори сартосарии рӯшанфикрони миллат дигар намекунад.

Бале, бидуни асосе ва бо аҳдофи сирф сиёсии гуруҳи ҳукмрон ба ҳошия ронда шудед, аммо худро ба дасти худ “дзюба кардеду” акнун дар ҳошияи ҳошия қарор доред.

Ба ҷуз аз тавба назди Парвардгору миллат ва нияти холису талоши ислоҳи вазъ ҳеч чизе шуморо наҷот намедиҳад.Сайъ кунед. Ҳоло ҳам шонс доред.

Агар имону виҷдон дореду як зарра даъвои озодандешӣ  раддияи маро дар шакли комил бо узрхоҳӣ нашр кунед, агар на, то охирин думравакатонро ба ҷавоби сазовор гирифтан омода кунед.

Ман шуморо бо ҳамин охирин ҳарфҳои номаам бахшидам. Омодаам аз мардуми тоҷик тавалло кунам, ки шуморо бубахшанд.

Ва мисли 14-15 соли ахир ва ба инояти Худованд беш аз пеш талош хоҳам кард, ки кулли тоҷикистониён бо шумули шумоён аз озодии баён, ҳуқуқи башар ва зиндагии лоиқ бар инсонҳо бархурдор бошанд.

Тавфиқ рафиқатон бод!

Саймуддин Дӯстов,

рӯзноманигори мустақил ва ҳомии ҳуқуқи башар. Варшава. 22-юми ноябри соли 2020 

PS: Бо дарҷи ҳуқуқи муаллифии раёсати ПМТ ва АОТ карикатураҳоро бознашр мекунам, то ҳеч касе шубҳа накунад, ки ман таҳаммули карикатураву интиқод аз назарҳои худро надорам. Аз ҳамватаноне, ки нашри ин карикатураҳо бо сабабе боиси озорашон шуда метавонад, сидқан узр мепурсам. Умедворам маро дарк мекунанд.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.