Рахнаи садди обанбор Муниса Турғунбоеваро бесарпаноҳ кард

Як оилаи ҷавон аз ноҳияи Сардобаи Узбекистон, ки дар натиҷаи рахна шудани садди обанбор хонаи худро аз даст додааст, мегӯяд, бо гузашти шаш моҳ ҳанӯз ҳам давлат манзили зисти онҳоро барқарор ё кумак накардааст.

Ба гуфтаи Муниса Турғунбоеваи 27-сола, манзили сеҳуҷрагии онҳо 1-уми майи соли 2020 дар натиҷаи рахна шудани садди обанбор ва омадани сел осеби ҷиддӣ дид. Турғунбоева мегӯяд, барои кумак ба мақомот муроҷиат кард, вале то ҳол ҷуброни манзили зисти ӯ, ки он замон 58 миллион сӯм ($5,5 ҳазор) арзёбӣ шуда буд, пардохт нашудааст.

Намояндаи Шӯрои маҳаллаи “Юртдош”, ки Турғунбоева дар он мезист, гуфт, хонаи ин оилаи ҷавон ба номашон дар ҳуҷҷатҳо расман сабт нашуда буд ва бинобар ин, ба онҳо давлат хона надод.

Муниса дар ҳуҷҷатҳо мегӯяд, ӯ ва ду кудакаш ҳанӯз ҳам дар манзили иҷора ба сар мебаранд ва фарзанди хурдиаш, ки баъди чанд рӯзи обхезӣ таваллуд шудааст, ҳоло бемор мебошад.

“Ҳашт моҳ гузашт, ба мо на кӯмак карданд ва на хона доданд. Мо дар манзили иҷора ба сар мебарем, вале пули иҷораро надорем. Ҷуброни зарари моддӣ, ки 58 миллион сӯм муайян шуда буд, надоданд. Шавҳарам дар як сохтмон кор мекунад, пули ӯ ба табобати кӯдаки беморам ба зур мерасад”, – изҳор дошт модари ҷавон.

Обанбори Сардобаи Узбекистон моҳи майи соли 2018 мавриди истифода қарор гирифта, он барои обёрии заминҳо бунёд шуда буд. Субҳи 1-уми майи соли 2020 садди он рахна шуд. Дар натиҷа дасти кам 70 ҳазор сокини атрофи обанбор ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.