Раисҷумҳури Амрико ваъда дод, ба бозсозии Ғазза кумак мекунад  

Ҷо Байден раисҷумҳури Амрико гуфт, “дуо” мекунад, ки оташбас дар байни Исроилиён ва Ҳамос пойдор монад. Ӯ гуфт таъсиси ду давлати мустақил ягона роҳи ҳалли ин низои маргбор аст.

Байден рӯзи 21-уми май бо ишора ба нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу  гуфт, “ман дуо мекунам, ки ин оташбас идома ёбад. Ман ба Бибӣ Нетаняҳу эътимод дорам – вақте ӯ ба ман ваъда диҳад – сари қавлаш меистад. Вай ҳеҷ гоҳ ваъдахилофӣ накардааст”.

Дар як нишасти матбуотии Кохи Сафед Байден инчунин ваъда дод, ки бастаи калони ёриҳои молиявиро бо дигар давлатҳо омода хоҳад кард, то дар барқарор кардани Навори Ғазза осебдида, кӯмак кунад. Байден гуфт, ки кӯмак ба Ғазза бо мақомоти Фаластин ҳамоҳанг карда мешавад, то ҲАМОС аз маблағҳо барои пур кардани анборҳои аслиҳа истифода набарад. Маъмурияти Фаластин, ки аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ пуштибонӣ мешавад, таҳти роҳбарии Маҳмуд Аббос як созмони рақиби ҲАМОС аст, ки Ғаззаро назорат мекунад.

Коршиносон мегӯянд, ки барои барқарор кардани хисороти Ғазза, ки то оғози ҷанги ахир ҳам камбизоат буд, солҳо ва даҳҳо миллион доллар лозим аст.  Байден дар ҳоле аз роҳҳали таъсис ду давлат ҳарф зад, ки бори дигар пуштибонии Вашингтонро аз Исроил таъкид намуд ва гуфт дигарон ҳам дар ин минтақа бояд ҳаққи мавҷудияти Исроилро эътироф кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.