Раисӣ гуфт, “вазъият дар Эрон бояд ҷиддан тағйир ёбад”

Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ гуфт, ки ин кишвар дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мушкилоти ҷиддӣ дорад ва ҳукумат бояд барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум кор кунад.  Раисӣ, ки дар нахустин ҷаласаи ҳукумати тозатаъсиси кишвар сӯҳбат мекард, гуфт, “вазъият дар кишвар бояд ҷиддан тағйир ёбад”.

Эрон давоми якуним соли охир даргири мубориза бо  пандемияи COVID-19  мебошад. Мақомот гуфтанд, варианти босуръат сирояткунандаи “Делта”-и коронавирус боиси омадани мавҷи панҷуми сироятҳо шудааст. Вале мунаққидон мегӯянд, ки мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ вуруди воксинаҳои сохти кишварҳои ғарбии ИМА, Бритониё ва Фаронсаро манъ карда бо ин кори худ мушкилоти зиёде эҷод намуданд. Дар Эрон воксинаҳои сохташуда дар дохили ин кишвар – COVIran Barekat – ба мардум тақсим карда мешаванд, вале захираҳои ин воксинаҳо ҳам нокофӣ будааст.

Раисӣ нагуфт, ки дар ҳолати бавуҷудомада чӣ кардан мехоҳад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.