Раиси Исфара вазъи саломатиашро “муътадил” гуфт

Раиси шаҳри Исфара, ки рӯзи 29-уми апрел дар марз бо Қирғизистон захмӣ шуд, гуфт, саломатиаш муътадил аст, вале ҳоло намедонад кай ба кор бармегардад.

Баҳоваддин Баҳодурзода рӯзи 30-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳти назорати пизишкон аст. Вай ба суоли Радиои Озодӣ, ки дар чӣ шароит захмӣ шуд, гуфт, “дар назди Маркази тақсими об ба китфаш тир задааст.”

Навбатдори ҳукумати Исфара бегоҳи 29-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Баҳоваддин Баҳодурзода “субҳи 29-уми апрел барои ҳалли сулҳомези баҳси тақсими об ба Хоҷаи Аъло, наздикии Маркази обтақсимкунии “Головной” рафта буд.”

Баҳоваддин Баҳодурзода 45-сола буда, соли 1999 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Ӯ чанд сол мушовири Раёсати адлияи вилояти Суғд буда, тайи шаш сол дар вазифаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд кор кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.