Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, обанбори Кампирободро ба Узбекистон намедиҳанд

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ )  Қирғизистон гуфт, қитъаи обанбори Кампирободро ба Узбекистон намедиҳанд.

Тошиев дар ин бора рӯзи 25 апрел дар мулоқот бо ширкатдорони иқдоми зидди ба Узбекистон додани ҳудуди обанбори Кампиробод дар ноҳияи Узгени кишвараш иттилоъ дод.

“Мо наметавонем, талабҳои сокинони маҳаллиро нодида бигирем. Талаби мардум барои мо аз ҳар чизи дигар муҳимтар аст. Шумо талаб доред, ки дода нашавад, мо намедиҳем. Ба ҳалли масъалаҳои боқимонда таваҷҷуҳ хоҳем кард. Дар мавриди Кампиробод иштибоҳ 60 соли пеш рух дода буд”, – гуфт Тошиев.

Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, масъалаи Кампиробод ҳал шудааст ва аз эътирозгарон хост, ки пароканда шаванд.

Сокинони ноҳияи Узген рӯзи 21 апрел эълом карданд, ки ба далели додани 50 га замини ҳудуди обанбори Кампиробод ба Узбекистон, ба иқдоми эътирозии бемуҳлат даст мезананд. Онҳо талаб карданд, ки санади табодули замин бо Узбекистон бекор карда шавад.

Охири моҳи март ҷониби Қирғизистон хабар дод, ки бо Узбекистон ҳамаи масоили баҳсии марзиро “сад дарсад” ҳал кардааст. Он замон Қамчибек Тошиев гуфта буд, ки байни ду кишвар қитъаи баҳсӣ боқӣ намондааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.