Раиси КМИР Қирғизистон: Интихоботи такрорӣ, мумкин аст, 20 декабр баргузор шавад

Интихоботи такрории порлумонӣ дар Қирғизистон мумкин аст, рӯзи 20 декабр баргузор шавад. Дар ин бора раиси Комисияи марказии интихоботии он кишвар Нурҷон Шайлдабекова иттилоъ дод.

Вай ҳамчунин гуфт, сарвазир Содир Ҷабборов, иҷрокунандаи вазифаи президент ҳаққи ширкат дар интихоботи пеш аз муҳлати президентиро надорад. Шайлдабекова афзуд, интихоботи пеш аз муҳлати президентиро порлумон таъйин мекунад ва ин интихобот бояд, давоми се моҳи оянда баргузор шавад.

Сарвазири Қирғизистон Содир Ҷабборов дар мавриди тағйири қонунгузории интихоботи кишвараш изҳори назар кард. Пештар аз ин бархе аз вакилон пешниҳод карданд, ки ҳадди вуруд ба порлумон аз 7 дарсад ба 3 дарсади касби раъйи мардум ва гарави интихоботӣ аз 5 млн сом ба 1 млн сом пойин оварда шавад.

Ҳамчунин пешниҳоди ворид кардани интихоби якмандатӣ ба ҷои интихоби ҳизбӣ садо дод.

“Ман бар ин назарам, ки ҳоло тағйир додани интихоби ҳизбӣ ба интихоби якмандатӣ қобили қабул нест, зеро бар асоси қонун, интихобот бояд бар асоси рӯйхати ҳизбӣ сурат гирад. Агар мо ислоҳоти конститутсионӣ анҷом диҳем, пас аз доираи қонун берун хоҳем рафт. Ҳадди вуруд ба порлумонро ҳам мешавад, ба 5 дарсади касби раъйи мардум пойин овард. Гарави интихоботиро метавон, аз 5 млн сом ба 1 млн сом пойин овард. Шумори вакилонро ҳам метавонем, кам кунем. Барои мисол, аз 120 вакили кунунӣ ба 70 ё 90 вакил расонем. Вале роҳи дурусташ ин аст, ки нахуст порлумон интихоб шавад ва баъдан ислоҳоти конститутсионӣ сурат гирад. Он замон ҳамаи кор қонунӣ хоҳад буд”, – гуфт Содир Ҷабборов дар ҷаласаи ғайринавбатии порлумони амалкунандаи кишвараш.

Дар Бишкек сокинон рӯзи 5 октябр дар робита ба натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Ширкатдорон бекорсозии натиҷаҳои интихобот ва баргузории раъйдиҳии такрориро талаб доштанд. Шоми 5 ба 6 октябр гирдиҳамомадагон Кохи сафед ва чанд бинои мақомоти қудратиро ғасб ва бархе аз маҳбусон, аз ҷумла Содир Ҷабборовро аз зиндон озод карданд.

Комисияи интихоботӣ рӯзи 6 октябр натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябрро бекор кард.

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон рӯзи 15 октябр истеъфо дод. Раиси порлумон он кишвар Канатбек Исоев аз иҷрои вазифаҳои президент даст кашид ва ба ин тартиб, сарвазир Содир Ҷабборов ҳамзамон салоҳиятҳои президентро соҳиб шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.