Раиси маҷлиси Эрон ба коронавирус гирифтор шуд

 Раиси маҷлиси Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф ба коронавируси нав гирифтор шуда,  бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ба муолиҷа пардохт. Ӯ рӯзи 28-уми октябр дар саҳифаи худ дар Твиттер хабар дод, ки корро дар шароити карантин аз хона идома медиҳад.  Дар Ховари Миёна Эрон кишварест, ки бештар аз ҳар давлати дигар аз назари олудагӣ ба коронавирус осеб дидааст. Омори расмӣ мегӯяд, ки дар ин кишвар 580 ҳазор нафар ба вируси нав олуда шуда, 33 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.  Рӯзи 28-уми октябр дар Эрон шумори рекордии сокинон, яъне 415 нафар аз коронавирус ҷон доданд ва рӯзе аз ин пеш талафот 346 нафар буд ва он ҳам то он вақт рекорд ба шумор мерафт.  Мисли бисёр кишварҳои дигар Эрон ҳам бо афзоиши ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус рӯбарӯ шуда, дар чандин шаҳр тадбирҳои наву сахттари маҳдудкунанда ҷорӣ намуд. Нисфи кормандон дар Теҳрон амр дода шуданд, ки корро аз хона идома диҳанд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.