Раиси “Ота Макон” Омурбек Текебоев дубора вакили порлумони Қирғизистон шуд

Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон 15 октябр салоҳиятҳои вакили порлумони ин кишвар аз ҷиноҳи ҳизби “Ота Макон” Содиқ Шерниёзро пеш аз муҳлат бекор карда, мандати вакилиро ба Омурбек Текебоев дод.

Бино ба хабарҳо, Содиқ Шерниёз аз мандати вакилии худ ба нафъи Текебоев даст кашидааст.

Текебоев дар шарҳи истеъфои президенти ҳамакнун пешини Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, ӯ бояд баъди баргузории интихоботи порлумонии такрорӣ аз мақомаш канор мерафт.

“Дар давраи интихобот ниҳоди қонуние лозим аст, ки ҳама онро эътироф кунад. Мутаассифона, президент истеъфо дод. Ин маънои онро дорад, ки дар муҳлати кутоҳ интихоботи президентӣ бояд баргузор шавад ва ба далели камбуди будҷа ҳар ду интихоботро бояд якҷоя баргузор намоем. Интихоботҳо бояд то соли нав баргузор шаванд”,-изҳор дошт ӯ.

Раиси Ҳизби “Ота Макон”, вакили пешини порлумони Қирғизистон Омурбек Текебоев ва ҳамҳизби ӯ – сафири пешини ин кишвар дар Кореяи Ҷанубӣ Дуйшенқул Чотонов моҳи феврали соли 2017 боздошт шуданд.

Онҳо дар асоси баёноти шаҳрвандони Русия Алексей Модин ва Леонид Маевский боздошт шуданд, ки гуфтанд, ба ӯ барои кумак дар харидории саҳмияҳои ширкати қирғизии “Мегаком” 1 миллион доллар доданд. Вале худи Текебоев парвандаро сиёсӣ меномад.

Додгоҳи олии Қирғизистон 21 августи соли равон парвандаҳои Текебоев ва Чотоновро барои бозбинӣ ба додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек фиристод. Ҳукмҳои пешини эъломшуда бекор шуданд.

Додгоҳи Якуми май пас аз бозбинии парванда ҳукми зиндони онҳоро ба ҳабси хонагӣ табдил дода, аз толори додгоҳ озод кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.