Раиси пешини Федератсияи варзиши сабук гуфт, натиҷаҳои допингро дар Русия пинҳон кардааст

Додгоҳи шаҳри Порис раиси пешини Федератсияи байналмилалии варзиши сабук Ламин Диакро, ки ин созмонро аз соли 1999 то 2015 раҳбарӣ кардааст, бо гумони фасодкорӣ чаҳор сол аз озодӣ маҳрум кард.

Яке аз айбҳои эътироф кардаи худи Диак ин аст, ки ӯ чандин сол ба хотири ҳифзи имиҷи Русия пеш аз бозиҳои қаҳрамонии варзиши сабук дар шаҳри Москва дар соли 2013 ва қарордодҳои бузург бо сармогузорон натиҷаҳои мусбати санҷиши допингии варзишгарони русро пинҳон кардааст. Ин ба бархе аз варзишгарони рус имкон додааст, ки бо вуҷуди мусбат будани натиҷаи озмоиш соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон иштирок карда, медал ба даст оранд.

Ба ҷуз аз Диак, раиси пешини Федератсияи варзиши сабуки Русия Валентин Балахничев 3 сол ва сармураббии пешини дастаи мунтахаби ин кишвар Алексей Мелниковро 2 сол бо гумони фасодкорӣ зиндонӣ шуданд. Ҳукми ин ду нафар дар ғайбашон эълом шудааст, зеро дар Русия қарор доранд. Фаронса Балахничев ва Мелниковро таҳти пайгарди қонунии байналмилалӣ қарор додааст.

Балахничев ҳамаи иттиҳомҳоро рад карда, мехоҳад аз болои ҳукми додгоҳи Порис ба Додгоҳи олии Фаронса шикоят барад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.