Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев мулоқот намуд. Зимни суҳат   ҷонибҳо аз рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судманд миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати густариш бахшидани равобит изҳори ҳавасмандӣ карданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд.

Зикр шуд, ки бо саҳми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон корхонаҳои муштарак бунёд гардида,  дар ин самт соҳибкорони ду давлат бо доштани таҷрибаи хуб татбиқи нақшаҳои муштараки созандаро идома дода истодаанд.

Раиси вилоят дар мавриди эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ гуфт, ки дар ин самт дар вилоят садҳо корхонаҳои хурду бузург мавриди истифода қарор мегиранд. Инчунин зарфиятҳои иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ҳоло муаррифи вилоят гардидаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ маълумот дод, ки дар вилоят майдони кишти пахта сол аз сол бештар мегардад. Ҳоло барои то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани пахта шароиту имконот мавҷуданд ва дар сурати бунёди корхонаҳои муштарак ин тадбир ба нафъи ҷонибҳо хоҳад буд.

Ёдовар бояд шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор намуда, моҳи июни ҳамон сол намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар ба фаъолият шурӯъ кард. Намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Душанбе аз соли 1998 фаъолият дорад. Ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистонро беш аз 75 санад ташкил медиҳад.

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳоло дар соҳаҳои саноати сабук, металлургияи ранга, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, бахши кишоварзӣ, фарҳангу санъат, маориф ва савдою сармоя ҳамкории густурда доранд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.