Раиси WHO гуфт, ки аз амалкарди Чин “бисёр маъюс” шудааст

Ҳукумати Чин қабули гуруҳе аз мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро ба таъхир андохтааст, ки мехоҳанд, сарчашмаи хуруҷи коронавируси нав дар шаҳри Вуҳанро таҳқиқ кунанд.

Мудири созмон Тедрос Адҳаном Гебрейесус, рӯзи 5-уми январ гуфт, аз онки мақомоти Чин ҳануз ҳам масъалаи сафари мутахассисонро ниҳоӣ накардааст, “бисёр маъюс” шудааст. Ду узви ҳайати мутахассисон дар роҳ ба сӯи Чин дарёфтаанд, ки ҳануз иҷозаи вуруд ба Пекин надоранд ва ба бақияи ҳайат дар дақиқаҳои охири пеш аз сафар гуфтаанд, ки бояд сабр кунанд.

Мудири Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба хабарнигорон гуфт, ки таҳқиқи сарчашмаи хуруҷи беморӣ барои созмон аз авлавиятҳои кораш аст. Майкл Раян, раҳбари бахши ҳолатҳои фавқуллодаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, ки нагирифтани раводид сабаби таъхири сафари ҳайат ба Чин шудааст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин рӯзи 6-уми январ изҳор дошт, ки гуфтугуҳо доир ба “санаи дақиқ ва тартиби махсуси сафари ҳайати мутахассисон” идома дорад. Масъалаи таҳқиқи сарчашмаи хуруҷ фавқуллода печида аст.

Барои таъмини кори муназзами мутахассисони байналмилалӣ мо бояд расмиёти заруриро иҷро кунем.” Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ моҳҳо боз сари масъалаи фиристодани як гуруҳи 10 нафарии мутахассисон барои таҳқиқи манбаи асосии беморӣ аз ҳайвон ва сирояти он ба инсон кор мекард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.