Раиси зиндонҳои Русия: Навалний баъди гуруснанишинӣ камубеш барқарор мешавад”

Раиси хадамоти зиндонҳои Русия гуфт, ки сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний баъди 24 рӯзи гуруснанишинӣ дар моҳи гузашта “камубеш барқарор шуд”. Навалний, ки барои муоинаи табиби шахсиаш дар зиндон посухи рад гирифт, ба нишони эътироз бо чунин рафтори, ба гуфтааш, махсуси мақомоти зиндонҳо, даст ба гуруснанишинӣ зад. Ӯ гуфт, ки мақомот мехоҳанд ба саломатиаш зарар расонанд. Гуруснанишинии ӯ 23-юми апрел хотима ёфт. Рӯзи 20-уми май оҷонсии ТАСС дар нақли қавл аз Александр Калашников, раисих адамоти федеролии зиндонҳои Русия навишт, ки  Навалний “камубеш барқарор шудааст”.

Навалнии 44-сола августи порсол заҳролуд шуд ва муоинаи ӯ аз ҷониби мутахассисони аврупоӣ нишон дод, ки ӯро бо заҳри навъи низомии “Новичок” заҳролуд кардаанд. Баъди бозгашташ аз муолиҷа дар Олмон моҳи январи имсол Алексей Навалний боздошт ва моҳи феврал ба 2,5 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот гуфтанд, ки Навалний муқаррароти ҳабси хонагиро, ки додгоҳи соли 2014 ҳукм карда буд, вайрон кард ва ба ҳамин хотир ба ҳабси воқеӣ гирифта мешавад. Навалний дар заҳролудшавиаш президент Владимир Путинро гунаҳгор кард, вале Кремлин ин иттиҳомро ҳамеша рад кардааст.

Дар ҷараёни як мурофиаи дигари додгоҳӣ, ки Навалний он ҷо тавассути видео иштирок мекунад, хеле лоғар менамуд ва гуфт, ки ба истеъмоли миқдори ками ғизо шурӯъ кардааст.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.