Расонаҳо: Ҳайатҳои Русия, Туркия, Украина ва СММ дар Истамбул гуфтугӯ мекунанд

Интизор меравад, намояндагони Русия, Украина, Туркия ва СММ ҳафтаи оянда дар шаҳри Истамбул гуфтугӯ кунанд. Нашрияи туркии “Milliyet” бо истинод ба манбаъҳои худ навиштааст, ки дар ин гуфтугӯ масъалаи содироти гандум аз Украина баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳайати гуруҳҳои гуфтугӯкунанда дар ҳоли ҳозир маълум нест. Нашрия навиштааст, ки эҳтимол дорад, дар он президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ва дабири кулли СММ Антониу Гутерриш иштирок кунанд.

Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков тасдиқ кардааст, ки бо Туркия дар робита ба содироти гандум аз Украина тамосҳо ҳастанд ва гуфтугӯҳо низ дар ин бора тавассути вазорати дифои Русия сурат хоҳад гирифт.

Дар хадамоти матбуотии СММ дақиқ нагуфтанд, гуфтугӯ кадом рӯз сурат мегирад. Ҷониби Украина низ ин хабарро шарҳ надодааст.

Украина чорумин кишвари содиркунандаи ғалла дар ҷаҳон аст ва соли 2021 қариб 45 миллион тонна ғаллаву донагӣ фурӯхтааст. Он имрӯз ба далели баста будани бандарҳояш наметавонад 22 миллион тонна гандуми худро содир кунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.