Расонаҳо: Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон аст. Мухтасари хабарҳои рӯз

Лавров: Ғарб дар масъалаи гурезаҳои афғонистонӣ ба Тоҷикистон фишор меорад

Кишварҳои ғарбӣ ба ҳамсоягони Афғонистон фишор меоранд, гуфт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар суҳбат бо шабакаи телевизиони “Россия 24”.

Вай қайд кардааст, ки масъалаи паноҳҷӯёни афғон яке аз доғтарин масъалаҳо дар минтақа боқӣ мемонад.

Лавров гуфтааст, ки дар Ӯзбекистон дар наздикии фурудгоҳ биноҳои махсус ҷудо кардааст, то аз онҷо паноҳҷӯёни афғонистониро ба дигар кишварҳо интиқол диҳанд. Ба онҳо иҷоза дода намешавад, ки ба кишвар дохил шаванд. Тоҷикистон ҳам ҳамин гуна роҳи ҳалли мушкилотро интихоб кардааст.

Расонаҳо: Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон аст

Хабаргузории русии ТАСС менависад, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳоло дар Тоҷикистон аст. Ин хабаргузорӣ рӯзи 1-уми ноябр бо такя ба Восиқ Кабир, намояндаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва муовини волии пешини Панҷшер, дар ин бора иттилоъ дод.

Восиқ Кабир ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, “Аҳмад Масъуд акнун дар Тоҷикистон аст, аммо гоҳе ба Афғонистон сафар мекунад ва дар онҷо бо гурӯҳҳои муқовимат дар минтақаҳои гуногуни кишвар вомехӯрад”.

Ба гуфтаи вай, Масъуд ҳоло талош дорад, ки барои мубориза бо “Толибон” ҳимояти кишварҳои мухталифро ба даст биёрад.

Муовини пешини волии Панҷшер хотирнишон кардааст, ки ин ҷабҳа робитаҳои хубе бо Тоҷикистон дорад, ки “ҳамеша кӯмакҳои қобили таваҷҷуҳе ба мардуми Афғонистон дар мубориза бо Толибон ироа карда ва акнун низ ба ин кор идома медиҳад”.

Зану шавҳар дар робита ба “қазияи Мадина” боздошт шудаанд

Ба Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки гумонбарони ҳамлаи ваҳшиёна ва латукӯби сокини шаҳр Мадина Мамадҷонова дар пойтахт боздошт шудаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати шаҳр.

Додситони шаҳри Душанбе дар бораи ҷараёни баррасии парванда ба Рустами Эмомалӣ гузориш дод. Ба гуфтаи ӯ тибқи дастури раиси шаҳр алайҳи ҳамсарон А.Д. ва Л.Д., парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳоло марду зане, ки дар ин парванда ҳамчун гумонбари асосӣ қарор доранд, боздошт шудаанд.

Дар фарҷоми ҷаласа ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки парвандаро то ба охир расонанд, то ба гунаҳкорон тибқи қонун ҷавоб диҳанд.

Мақомоти тоҷик аз муҳоҷирон хостанд, ки дар Русия эҳтиёт кунанд

Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик давъат намудааст, ки дар давраи маҳудиятҳои вобаста ба КОВИД-19 худро эҳтиёт кунанд ва дар сурати зарурат ба онҳо муроҷиат намоянд. Дар Русия, ки рӯзе то ҳазор нафар аз коронавирус мефавтад, то рӯзи 7 -уми ноябр дар аксар ҷойҳои ҷамъиятӣ карантин эълон шудааст.

Ба гуфтаи Вазорати меҳнат, дар ин давра дар бузургтарин фурӯшгоҳҳои шаҳри Москав, ба истиснои “Фудсити”, муваққатан маҳдудият ҷорӣ карда мешавад. Дар фурӯшгоҳҳои “Москва”, “Садовод”, “Тёплий Стан”, “Южний ворота” танҳо дуконҳои фурӯши хӯрокворӣ иҷозати фаъолият доранд. Намояндагӣ мегӯяд, дар сохтмонҳои шаҳри Москав маҳдудияти корӣ ҷорӣ нашуда, аммо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зимни фаъолият ва рафту омад ба ҷойи кор пурзӯр карда мешаванд.

“Қасдан оташ задаанд”. Сабаби сӯхтори бозори “Баракат”- ро гуфтанд

Гурӯҳи созмонёфтаи корӣ, ки омилҳои асосии сар задани сӯхторро дар бозори “Баракат” меомӯзанд, мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд он қасдан оташ зада шудааст.

Се манбаъ аз гурӯҳи кории созмонёфтаи Раёсати Хадамоти оташнишонии Суғд бидуни зикри ном дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бозори “Баракат”-ро қасдан оташ задаанд ва зиёни молии пешакӣ тахминан 760 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маълумот дар ин бора ба ҳукумати вилоят пешниҳод шудааст.

Як мақоми дигари Раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар Суғд гуфт, агар гурӯҳи корӣ ба хулосаи қасдан оташ задан иктифо кунанд, аз рӯйи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии ҶТ – “қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк” парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.

Ин бозори бузурги фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар роҳи “Хуҷанд-Конибодом”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шоми 21-уми октябр оташ гирифта буд.

Оғози таҳияи рӯйхати электронии ҷавонони бекор дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон марҳилаи озмоишӣ (пилотӣ)-и барномаи электронии сабти ҷавонони бекор ва бекасб оғоз гардида, бақайдгирии шаҳрвандон аз ноҳияҳои кишвар шурӯъ шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати меҳат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Ҳадафи асосии барнома муайян ва мушаххас намудани ном ба номи ҷавонони бекор ва бекасб ва дар ин замина ба касбомӯзӣ ва ба ҷойи кори мувофиқ таъмин намудани насли ҷавони кишвар унвон мешавад.

Барномаи электронии бақайдгиририи ҷавонони бекор ва бекасб дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар аз 21 майи соли 2021 ва Нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон таҳия шудааст.

Сообщение Расонаҳо: Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон аст. Мухтасари хабарҳои рӯз появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.