Расонаҳо аз аксбардорони Белорус ҳимоят карданд

Расонаҳои бонуфузи мустақил дар Белорус ба нишони ҳамраъйӣ бо ду аксбардори зиндонӣ, аз ҷумла аксбардори Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми сентябр саҳифаҳои аввали худро холӣ чоп карданд. Онҳо дар ин саҳифаи холӣ навиштаанд, ки “Инҷо бояд як аксе мебуд”.

Александр Васюкович ва Влад Ҳрудзинро барои инъикоси тазоҳуроти оммавӣ дар Минск ба 11 рӯзми ҳабс маҳкум карданд. Дар саҳифаҳои холии ин расонаҳо навишта шудааст, ки ҳарду аксбардор барои “ширкат дар чорабинии беиҷоза” ба ҳабс маҳкум шуданд.

Влад Ҳрудзин, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Минс ва Александр Васюкович аксбардори ҳамкор бо вебсайти хабарии tut.by – ро додгоҳи Минск рӯзи 16-уми сентябр барои риоят накардани қонун дар бораи гирдиҳамоӣ дар Белорус ба ҳабс маҳкум кард. Бо айни иттиҳом фарди саввум ва рафиқи ҳарду хабарнигор Егор Калянинро 210 доллар ҷарима бастанд.

Ин се нафарро рӯзи 13-уми сентябр ҳангоми раҳпаймоии эътирозии даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Минск дар як ресторан дастгир карданд. Дар Белорус бештар аз як моҳ аст,  эътироз ба зидди натиҷаҳои интихоботи рӯзи 9-уми август идома дорад, ки дар он Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури феълӣ пирӯз эълон шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.