Расонаҳо: домоди Мирзиёев дар як садама дар Тошканд ҷароҳат бардошт

Отабек Умарови 36-сола, муовини сардори Хадамоти амнияти роҳбари давлат ва домоди президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев шоми 13 феврал дар маркази шаҳри Тошканд ба садамаи автомобилӣ дучор шуд.

Манобеъ мегӯянд, Отабек Умаров бо мототсикл садама карда ва пояш ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои манобеъ, ӯро дар беморхона бистарӣ ва пояшро шаш соат ҷарроҳӣ кардаанд. Гуфта мешавад, пои рости вай аз 3 ҷо шикастааст.

Сомонаи flightaware.com, ки ба пайгирии парвози ҳавопаймоҳо машғул аст, нишон медиҳад, ҳавопаймои як ширкати хусусии тиббӣ аз шаҳри Ҳамбурги Олмон ба Тошканд омада, рӯзҳои 14 ва 15 феврал дар фурудгоҳи Тошканд қарор доштааст.

Ба иттилои манбаи расонаҳо, баъди ёрии аввалияи тиббӣ домоди Мирзиёевро барои идомаи муолиҷа ба хориҷ аз Узбекистон бурдаанд.

Пештар аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бо суръати баланд рондани нақлиёт аз сӯи Отабек Умаров нашр мешуд. Тобистони соли 2019 вай дар кӯчаҳои Тошканд мошини навъи Tesla-ро бо суръати 200 км/соат ронд ва барои ин амал бештар аз 200 доллар ҷарима шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.