Расонаҳо: гуштигири 14-соларо дар Туркманистон баъди рад кардани бохт бо лату кӯб куштанд

Сулаймон Турсунбоев, гуштигири 14-соларо дар Туркманистон, баъди он ки нахост, ба корманди ВКД муҳорибаро бозад, лату кӯб карданд.

Баъди мусобиқа афроди ношинохта ӯро рабуда, то лаҳзаи марг лату кӯб карданд ва дар кӯча партофтанд, дар ин бора сомонаи Turkmen.news хабар медиҳад.

Волидони навраси кушташуда ба президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов муроҷиат карда, муҷозоти гунаҳкоронро талаб намуданд.

“Писари моро як гуруҳи одамон лату кӯб кардаанд, ба ӯ даст расонидан намешуд, вай гуфт, ки тамоми баданаш дард мекунад”, – гуфтанд дар муроҷиати видеоӣ волидони гуштигир.

Шоҳидон мегӯянд, ин фоҷеи дар оғози моҳи феврал рух додааст. Пеш аз рақобат бо корманди ВКД аз Сулаймон мехоҳанд, ки гуштиро бозад, аммо вай рад мекунад.

Сулаймон Турсунбоев дар бемористон вафот кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.