Расонаҳо: Муҳоҷирони бандмондаи Узбекистон дар Абхазистон дар кӯча мехобанд 

Садҳо муҳоҷири узбекистонӣ, ки дар марзи Абхозистон бо Русия дар мондаанд, имкони ба Узбекистон баргаштанро надоранд ва дар кӯча мехобанд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ва сафорати ин кишвар дар Русия муроҷиати шаҳрвандони дармондаро нодида мегиранд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Узбекистон бо такя ба муҳоҷирони дармонда хабар доданд.

Ба гуфтаи Ренат Юсупов, сокини Сурхандарёи Узбекистон, айни ҳол дар Абхозистон наздики 2 ҳазор муҳоҷири узбек дармондааст. Онҳо ба Абхозистон барои кор омада буданд, аммо ба далели баста шудани марзҳо натавонистанд, ки дубора ба Узбекистон баргарданд.

Дар ибтидои моҳи ҷорӣ мақомоти Узбекистон ваъда карда буданд, ки наздики 400 тан аз муҳоҷиронро ба кишвар бармегардонанд. Аммо ҳанӯз ин ваъда иҷро нашудааст.

Муҳоҷирон гуфтанд, барои билети ҳавопаймо маблағ доранд. Дархости онҳо танҳо фиристодани ҳавопаймои чартерӣ аст, аммо ҳамоно ин дархост ба эътибор гирифта нашудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.