Расонаҳои ҷаҳон дар бораи интихоботи Тоҷикистон чӣ гуфтанд?

Интихоботи Тоҷикистон бо ин, ки чандон мавриди таваҷҷӯҳи матбуоти ғарбӣ набудааст, бархе матбуот рӯзи душанбе натиҷаҳои онро нашр карданд. Дар ин интихобот Эмомалӣ Раҳмон, ки аз охирҳои соли 1992 то кунун қудратро дар даст дорад, бо касби беш аз 90 дарсади оро баранда эълон шуд.

Шабакаи “Евронюс” дар нашри хабари мухталифи натиҷаҳои интихобот гуфтааст, ки “нозирони интихоботӣ аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил интихоботро бозу рақобатпазир ва посухгӯ ба принсипҳои демократӣ арзёбӣ карданд. Вале мунтақидони Раҳмон, ки бори панҷум дар ин мақомаш интихоб шуд, мегӯянд, ки мухолифонаш дар асл аз бозии сиёсӣ берун монданд”.

Хабаргузории олмони DW дар матлабе бо номи “Тоҷикистон ба “Ҷаноби олӣ” Раҳмон” навиштааст, “рӯзи 5-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон 68-сола шуд, вале, таври худи ӯ ҳам гуфтааст, барои дарёфти тӯҳфаи калонтарин каме мунтазир шудан лозим омад”.

Ин матлаб мегӯяд, ки дар Тоҷикистон 11-уми октябр интихоботи президентӣ баргузор шуд ва бо ин ки “дар ин сабқат расман чор номзади дигар иштирок карданд, касе дар пирӯзии навбатии Раҳмон шубҳа надошт”. “На Александр Лукашенко, балки маҳз раҳбари Тоҷикистон аз миёни дигар раҳбарони пасошӯравӣ дар сари қудрат тӯлонитарин муддат боқӣ мемонад”, -менависад DW.

Беате Эшмент, як муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар Маркази мутолеоти Аврупои Шарқиву умури байналмилалӣ дар Берлин ба вебсайти dw.com гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан мухолифонашро берун карда, “хонаводаву ҳаммаҳалҳояш аз Данғара бештар сарватманд мешаванд”, вале “сокинон ба сахтӣ рӯзро мегузаронанд”.

Вебсайти Aljazeera.com менависад, базудӣ аз замони сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон 30 сол мегузарад ва аз назари муддати раҳбарӣ аз президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пеш хоҳад гузашт.

Ин матлаб мегӯяд, “Раҳмон ва ҳукумат бо чолиши бесобиқае рӯбарӯ аст”, ки ба қавли муаллиф, ба иқтисоди аз пандемия шадидан заъифшудаи Тоҷикистон рабт мегирад.

Таҳлилгари иқтисодӣ дар Лондон Алекс Кокчаров ба Aljazeera гуфтааст, ки даромади муҳоҷирон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 15-25 дарсад кам шуд ва ин чиз метавонад дар оянда мояи беэътидолии сиёсиву иқтисодӣ шавад.

Як ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар мегӯяд, ба хотири ин, ки интихоботи Тоҷикистон танҳо як маросими қонуникунии ҳузури Эмомалӣ Раҳмон барои 7 соли дигар мебошад, бисёриҳо дар Ғарбу Аврупо ба овоздиҳӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳе накарданд. Вале ин интихобот аз он ҷиҳат муҳим аст, мегӯяд Стив Свердлов, ки баъди собиқаи 28-солаи раҳбарӣ дар кишвар ва ба таври фаровон поймол кардани ҳуқуқи башар, “ин як давраи нави бӯҳрони ҳуқуқи башар” дар Тоҷикистон мебошад.

Андешаҳои Свердлов дар остонаи интихоботи президентии Тоҷикистон дар вебсайти мӯътабари thediplomat.com нашр шуд. Ба гуфтаи ин таҳлилгар, дар Тоҷикистон дар ҳақиқат бӯҳрони воқеии ҳуқуқи инсон вуҷуд дорад ва “барои ҳамин муҳим аст, бояд интихоботро таҳлил кунем ва бифаҳмем, ки ин интихобот чӣ маънӣ дорад ва интихоботи гузашта чӣ дод. Зиндониёни бисёри сиёсӣ яке аз ҳосили интихоботи гузашта буд”.

Ӯ мегӯяд, ки Тоҷикистон ҳоло яке аз кишварҳое дар ҷаҳон шудааст, ки шояд бештар аз 1000 зиндони сиёсӣ дорад ва садҳо нафари онҳо аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24″ ҳастанд. Ҳамчунин хабарнигороне ба мисли Далер Шарифов ва ҳуқуқдонҳо ба мисли Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов”.

Свердлов гуфт, интихоботи авторитарӣ аҳамияти бисёр дорад ва муҳаққиқону нозирон вазъ дар Тоҷикистонро пайгирӣ карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо хоҳанд кард, ки равобити худ бо Душанберо мутобиқ бо нишондодҳои ин кишвар дар бахши ҳуқуқи башар ба роҳ бимонанд.

Президент дар Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва номзади пирӯз ҳақ дорад ду бор пайиҳам дар интихобот иштирок кунад. Бар асоси тағйироте, ки соли 2016 ба Конститутсия ворид карда шуд, Эмомалӣ Раҳмон унвони “Пешвои миллат”-ро гирифт ва ҳақ дорад, бемаҳдудият дар интихоботҳои президентӣ ширкат кунад.

Ширкати чаҳор нафар номзад ба мақоми раиси ҷумҳур аз аҳзоби дигарро, ки ҳама аз сиёсатҳои раиси ҷумҳур ҳимоят мекунанд ва ҳеч баҳсу мунозираи сиёсӣ ҳам надоштанд, намоишӣ номида ва гуфтаанд, ки онҳоро фақат барои “рақобатӣ ва демократӣ” вонамуд кардани интихобот ба ин корзори сиёсӣ ҷалб кардаанд.

Нозирони интихоботӣ аз кишварҳои дӯст бо Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои муштаркулманофеъ мисли солҳои пешина гуфтаанд, ки интихобот бе қонуншиканиҳои ҷиддӣ сурат гирифт. Нозирони ғарбӣ гуфтаанд, то кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон шаффофу холисона ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.