Равоншинос: Хомӯшии мавзӯи хушунати оилавӣ як намуди ҷинояти иҷтимоӣ аст

Як қисмати ҷомеаи Тоҷикистон бар он назаранд, ки таблиғи зиёди хушунати оилавӣ ба ҷудошавии оилаҳо оварда мерасонад. Ҳамчунин қисмати дигарро криминализатсияи ин масъала нигарон кардааст. Оиди ин мавзӯъ мо бо равоншинос ва ҳомии ҳуқуқ суҳбат кардем.

Хушунати хонаводагӣ яке аз мушкилоти дар саросари ҷаҳон паҳншуда мебошад. Шахси ба хушунати хонаводагӣ рӯ ба рӯ шуда, аз ҷиҳати равонӣ зарари ҷиддӣ мебинад, ки ин барои ҷомеа низ зараровар мебошад.

Таблиғи мавзӯи хушунати оилавӣ як намуди пешгирӣ аст

Равоншинос Аврангзеб Исомиддинов дар суҳбат бо Your.tj қайд кард, ки хомӯшии хушунати хонаводагӣ, яке аз шаклҳои ҷинояти иҷтимоӣ аст. Инъикос ва таблиғи ин мавзӯъ барои ҷомеа як намуди пешгирӣ хоҳад буд.

“Дар тиб ҳар як духтур ба шумо тасдиқ мекунад, ки гузарондани профилактика назар ба табобат хеле осон аст! Издивоҷ ин худ пайваст намудани ду ҷаҳони гуногун аст. Пас, дар ин ҷо низ бояд ҳар кас нақши худро дар ташкили оила дарк намояд, барои некуаҳволии руҳй, чисмонй ва моддии оила масъул бошад!

Маҳз ноомодагӣ ба ҳамин  масъулиятҳои бузург боиси хушунати оилавӣ мегардад. Ҳамчунин тамоми рафторҳои фоиданоку харобиовар дар ҷомеа аз оила сар мезанад. Аз ин рӯ ман фикр мекунам, ки хомӯш будан дар мавзӯи хушунати оилавӣ ҷинояти иҷтимоӣ аст ва бояд ҳарчӣ бештар ин мавзӯъ дар ВАО инъикос шавад”, – шарҳ медиҳад, равоншинос – психотерапевти клиникӣ, Аврангзеб Исомиддинов.

Оё оилаеро, ки дар он нафаре зери хушунат аст, аз ҷудошавӣ наҷот додан мумкин аст?

Агар пешгирии хушунати хонаводагӣ инъикоси бештари он дар ВАО бошад, пас “табобати” он чист. Мумкин аст, оилаеро, ки дар он яке аз ҳамсарон зери хушунат қарор дорад, аз пошхӯрӣ наҷот дод?.

Тавре Исомиддинов мегӯяд, агар худи гунаҳкор (зан ё марде, ки ҳамсарашро зери фишор ва озор қарор медиҳад) ба хатои худ иқрор шаваду барои муолиҷа бо равоншинос омода бошад, пошхӯрии оиларо пешгирӣ кардан имконпазир мегардад. Дар сурати ғайр ё оила барҳам мехӯрад ё ин ки зери фишору шиканҷа зиндагиашонро идома медиҳанд, аммо ин ба рӯҳияи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад.

Аврангзеб Исомиддинов дар таҷрибаи худ чандин оилаҳоро аз ҷудошавӣ наҷот додааст. Вале буданд ҳолатҳое, ки коре карда натавонистааст.

“Албатта ин кор ба ман чандин маротибаҳо даст додааст, аммо мутаасифона буданд ҳолатҳое, ки яке аз ҳамсарон нахост муолиҷа шавад ва оқибат ҷудо шуданд. Масалан буд ҳолате, ки зану шавҳар як мақсад доштанд ва барои барқарор кардани оилаи солим тамоми кӯшишашонро ба харҷ доданду комёб шуданд. Аммо буд ҳолате, ки мард натавонист ҳамсарашро барои муолиҷа розӣ кунонад, зан гуфтааст, ки “ту худат девонаӣ, рав табобат гир. Ман комилан солимам”. Дар чунин ҳолатҳо мутахассис коре карда наметавонад”, – нақл мекунад, равоншинос.

Чӣ тавр ҷабрдидаро аз гунаҳкор метавон фарқ кард?

Ба нақли равоншинос баъзан вақт қурбонии хушунатро аз гунаҳкори асосӣ фарқ кардан ҳатто барои равоншинос хеле душвор аст. Барои ҳамин бо ҳар муштарие, ки муолиҷаро оғоз кунад, ҳатман агар зан бошад – шавҳарашро ва ё баръакс барои суҳбат даъват мекунад.

“Ҳолате буд, ки як мард наздам барои кӯмак ҳамчун қурбонии хушунат омад. Аммо баъдан маълум шуд, ки ӯ манипулятор будааст. Ин мард ончунон худро бечора нишон медод, гӯё дар ҳама кор занаш гунаҳкор буд. Бояд занаш тамоми суханҳои гуфтаи ӯро қабул кунад, зеро ин ба фоидаи оилаи онҳо мебуд.

Дар асл ҳамсари ин мард як зани бомаълумот ва муваффақ буд, ки аз фишори зиёди равонӣ ранҷ мекашид. Вақте мард аввалин маротиба занро наздам овард, зан хеле дар ҳарос буд, ки ман низ яке аз шиносҳои шавҳарашаму танҳо ба манфиати вай кор кардан мехоҳам.

Мо занро муолиҷа кардем, ҳолати руҳияш хеле хуб буд. Аммо мард, ки ба мақсади худ нарасид аз кори ман норозӣ монд. Ба ҳамсараш гуфтааст, ки “ту аз аввал девона будӣ ва мондӣ, танҳо акнун ба худ боовар дорӣ””, – нақл мекунад”, равоншинос.

Чаро криминализатсияи хушунати хонаводагӣ муҳим аст?

Нафароне, ки зидди иловаи хушунати хонаводагӣ ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистонанд, мегӯянд, ки дар кодекси мазкур модаҳое, ки тибқӣ он шахси гунаҳкор ба хушунати хонаводагӣ ба ҷавогарӣ кашида шаванд, кофианд. Ба мисли расонидани зарари ҷисмонӣ ё расонидан ба худкушӣ.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ ба ин розӣ нестанд ва лозим медонанд, ки хушунати хонаводагӣ низ бояд ба КҶ дохил карда шавад. Ҳомии ҳуқуқ Наҷиба Ширинбекова, мегӯяд, ки меъёрҳои умумӣ кофӣ нестанд, то тамоми ҷузъҳои зӯроварӣ дар оиларо инъикос кунанд ва ба пуррагӣ фаро гиранд.

“Зӯроварии оилавӣ бояд ҳамчун як ҷузъи мустақили ҷиноят эътироф карда шавад, зеро он дорои як қатор хусусиятҳои хос аст: доираи васеи амалҳои зӯроварӣ, ки танҳо бо лату кӯб ва ё ҷароҳат маҳдуд намешаванд. Яъне сухан на танҳо дар бораи фишорӣ ҷисмонӣ, балки оиди фишорӣ равонӣ низ меравад. Набудани моддаи алоҳида имкон медиҳад, ки  ҷузъҳои гуногуни ҷиноятро ҷустуҷӯ накунем”, – мегӯяд Наҷиба Ширинбекова.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ, “криминализатсия пеш аз ҳама, ӯҳдадории давлатро оид ба тафтиши ҷиноятҳои дар оила содиршуда кафолат медиҳад ва масъулияти муқовимат ба хушунатро ба дӯши ҷабрдидагон намегузорад. Сониян, он ба ҷараёни самараноки тафтишот мусоидат мекунад, зеро ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила аксар вақт наметавонанд далелҳои ҷинояти тафтишшавандаро ҷамъоварӣ кунанд. Сеюм, ҷабрдидаҳо дар ҷараёни тафтишот дигар наметавонанд бо фишору таҳдиди хешовандон ва шахсони дигар аз иттиҳомоти худ даст кашанд ва шикоятро бозпас гиранд.

– Интиқоли моддаҳои хушунати хонаводагӣ  аз категорияҳои иттиҳоми хусусӣ ба оммавӣ низ яке аз паҳлӯҳои муҳими масъала мебошад. Чун ҷабрдидае, ки зери фишори равониву ҷисмонӣ қарор гирифтааст, наметавонад дар ин ҳолатҳо тасмими дуруст бигирад, – мегӯяд Ширинбекова.

Ҳамчунин барои ба суд муроҷиат кардан як қатор ҳуҷҷатҳоро ҷамъоварӣ кардан лозим аст, ки ҷабрдида мумкин аст, ки танҳо аз ӯҳдаи ин корҳо набарояд. Дар чунин ҳолатҳо ба ӯ ҳомиёни ҳуқуқ  метавонанд кӯмак кунанд. Танҳо пас аз ин, криминализатсия натиҷаҳои назаррас хоҳад дод.

Шакли пурраи подкасти моро бо ҳомии ҳуқуқ бо забони русӣ метавонед инҷо тамошо кунед. Мусоҳиба бо равоншиносро бошад инҷо.

Сообщение Равоншинос: Хомӯшии мавзӯи хушунати оилавӣ як намуди ҷинояти иҷтимоӣ аст появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.