Размикори тоҷик Фаридун Одилов соҳиби унвони қаҳрамони EFC шуд

Размикори тоҷик Фаридун Одилов, ки дар сабқати ММА бар варзишгари русиягӣ Сергей Калинин ғолиб омад, соҳиби камарбанди қаҳрамони Лигаи EFC (Extreme Fighting Championship) дар вазни миёна гардид.

Чунон ки аз навори видеоии дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда маълум мешавад, рақобат дар даври чорум пас аз иҷрои усули бомуваффақияти буғикунӣ аз ҷониби размикори тоҷик ба поён расид.

Мусобиқаи EFC 33, ки дар Маскав таҳти сарпарастии размикори машҳури русиягӣ Ҳабиб Нурмагомедов баргузор шуд, аз ду қувваозмоӣ барои унвони қаҳрамонӣ, ки яке аз онҳо набард бо иштироки Фаридун Одилов ва 13 қувваозмоии ҳирфаӣ иборат буд.

Пас аз мубориза Фаридун, пеш аз ҳама, ба Ҳабиб Нурмагомедов барои имконияти худро нишон додан ташаккур гуфт ва сипас ба назди рақибаш Сергей Калинин рафт ва дасти ӯро самимона фишурд.

Ҳабиб Нурмагомедов зикр кард, ки чӣ гуна тоҷикон самимона ММА-ро дастгирӣ мекунанд ва ваъда дод, ки чунин мусобиқаро дар Душанбе моҳи августи соли 2021 баргузор мекунад. Ӯ ба қаҳрамони шоми набардҳо Фаридун Одилов барори кор хост, то дубора унвони худро ҳифз намояд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.