Размкори тоҷик Лоиқ Раҷабов рақибаш аз Русияшро шикаст дод

Лоиқ Раҷабов, варзишгари шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта ё PFL рақиби русаш Ахмед Алиевро шикаст дод. Сабқати Раҷабов бо Алиев шоми 10-уми июн дар Амрико баргузор шуд. Варзишгари тоҷик дар раунди аввал дар 22 сония размкори доғистониро шикаст дод. Бо ин ғалаба Лоиқ Раҷабов ба даврии баъдии мусобиқаи PFL роҳ меёбад ва имкон пайдо мекунад, ки барои як миллион доллар муборизаро давом диҳад.  Сабқати баъдии Лоиқ Раҷабов дар назар аст, ки моҳи август баргузор шавад. Размкори тоҷик дар сабқати пешини Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта бо Алекс Мартинес аз Парагвай вохурд ва доварон ғалабаро ба Мартинес доданд. Лоиқ Раҷабов тасмими ҳакамонро ноодилона хонд ва аз натиҷаи қувваозмоӣ ба PFL эътирознома навишт. Ҳанӯз маълум нест, ки ин натиҷаи ин шикоят чӣ шуд. Лоиқ Раҷабов соли 2019 дар финали Гран-прии мусобиқаи PFL ширкат карда буд. Лоиқ Раҷабов соли 2019 ба рӯйхати 10 размкори беҳтарини ММА аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил шудааст. Ин рӯйхат аз рӯи пурсиши нашрияи “ТурСтат”-и Русия тартиб дода шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.