Рейдҳои мақомоти полиси Русия зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ идома дорад

Дар Русия рейдҳои мақомоти  интизомӣ бо ҳадафи  тафтиши ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон идома дорад. Кормандои пулис дар шаҳри Санкт-Петербург гуфтанд, ки дар доираи ин амалиёт 16 манзилеро ошкор кардаанд, ки дар он муҳоҷирони ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд.  Дар маҷмӯъ 2 ҳазор манзил дар вилояти Ленинград санҷида шудааст.

36 муҳоҷире, ки дар ин хонаҳо зиндагӣ мекарданд, боздошт шуданд ва нисбати онҳо парванда дар заминаи убури ғайриқонунии марз боз шудааст.

Бо сабаби пандемияи коронавирус, ки аз марти соли 2020 ба ин сӯ идома дорад, бисёр корхонаву сохтмонҳо аз фаъолият бозмонданд ва он муҳоҷирони корие, ки бо ҳадафи кору даромад дар Русия қарор доштанд, бекору бепул монданд. Дар натиҷа, бисёри онҳо бо сабаби бепулӣ натавонистанд сари вақт аз қайди расмӣ гузаранд ва ҳоло дар ҳолати ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Мақомоти Русия аз муҳоҷирони корӣ тақозо карданд, ки то миёнаҳои моҳи июни имсол будубоши худро қонунӣ кунанд, вагарна қонуншикан хоҳанд шуд. Мақомоти Русия гуфтаанд, ки 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия дар мақоми ғайриқонунӣ ба сар мебаранд, вале мақомот дар Душанбе ба ин омор шубҳа карда, шумори воқеии шаҳрвандони ғайриқонуниро камтар меноманд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.