Рекорди нави олудагиву фавт аз COVID-19 дар Аврупо

Дар Полша, Украина ва Булғористон шумори нави рекордии олудашавӣ ба коронавирус ва ҳам марги инсонҳо аз COVID-19 ба қайд гирифта шуд ва мақомот гуфтанд, ки ба маҳдудиятҳои бештар даст мезананд. Украина дар Аврупои Шарқӣ кишвари серҷамъияттарин ба шумор меравад. Ин ҷо 24-уми март азимтарин омори фавт бар асари олудагӣ ба COVID-19 аз замони шурӯи пандемияи коронавирус ба қайд гирифта шуд. Вазири беҳдошт Максим Степанов гуфт, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар Украина 342 нафар бар асари COVID-19 ҷон доданд. Дар як рӯзи гузашта дар ин кишвар 14,174 ҳолати нави олудашавӣ ба вирус сабт шудааст. Дар маҷмӯъ, то 24-уми март дар саросари Украина  беш аз 1,5 миллион нафар ба коронавирус олуда шуда, беш аз 30 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Дар Аврупои марказӣ сангинтарин вазъ дар Полша гузориш дода шуд. Ин ҷо дар як шабонарӯз наздики 30 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки рекордӣ мебошад. Ҳукумат гуфт, ки чораҳои маҳдудкунанда дар кишвар боз ҳам сахттар мешаванд.

Дар Булғористон дар як шабонарӯзи гузашта беш аз 4,8 ҳазор нафари нав ба коронавирус олуда шуданд, ки аз замони оғози пандемия рекордӣ мебошад. Дар ин кишвари иборат аз 7 миллион ҷамъият  дар маҷмӯъ дар як соли пандемия беш аз 312 ҳазор нафар бемор шуда, аз онҳо беш аз 12 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст доданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.