Reuters: Толибон аз Тошканд баргардонии ҳавопаймоҳои низомиро талаб дорад

Халабонҳои афғонистонӣ, ки дар урдугоҳҳои Узбекистон паноҳ бурдаанд, аз истирдод шудан ба Афғонистон нигаронанд.

Хабаргузории Reuters аз зиндагии халабонҳо ва хонаводаи онҳо гузорише таҳия кард. Халабонҳо се ҳафта аст, ки дар интизори ба ИМА кӯч бастан ҳастанд.

Дар моҳи августи имсол, баъди он ки шаҳри Мазори Шариф таҳти идораи ҳаракати “Толибон” даромад, гуруҳе аз халабонҳои афғонистонӣ ба Узбекистон фирор карданд.

“Агар моро ба Афғонистон фиристанд, ман итминон дорам, ки моро хоҳанд кушт”, – гуфтааст яке аз халабонҳо дар суҳбат бо Reuters.

Вай аз камбуди ғизо ва дору дар урдугоҳи Узбекистон шикоят кард. Ба нақли халабон, дар урдугоҳ наздики 460 афғонистонӣ ҳузур дорад.

Ҷон Хорбст, сафири пешини ИМА дар Узбекистон гуфт, ба бовари вай “Толибон” бо ҳадафи баргардонии халабонҳо ба Узбекистон фишор хоҳанд овард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.