“Рисолат” танҳо сомонаи тоҷикӣ, ки ҳукумати ИМА масдуд кардааст

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Идораи Таҳқиқоти Федероли Амрико (FBR) хостори қатъи дастрасӣ ба 92 сомонаву пойгоҳҳои хабарӣ шудааст,ки миёни онҳо як сомонаи тоҷикӣ низ ҳаст.

  • Бар асоси як аснод аз Вазорати адлияи ИМА, ки дар ихтиёри МедиаМаркер қарор дорад, ин сомонаҳо ба унвони сойтҳои хабарии ғайримуътабар ташхис шудаанд, ки аз сӯи ё аз номи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ (IRGC) идора мешуданд.
  • Домен ё доманаҳои ин расонаҳо, ки гуфта мешавад ба корзори Матбуъоти Ҷабҳаи Озодӣ (Liberty Front Press) рабт доранд, тибқи муроҷиаи мақомоти ИМА аз ҷониби додгоҳи Колифорниё тавқиф шудаанд.
  • Дар ин руйхат сомонаҳое назири farhang-press.com, roushd.com, klken.com, studiesaf.com ва risolattj.com ҳастанд, ки барои корбароне аз Тоҷикистону Афғонистон ошно мебошанд.
  • Даст назадан ба мавзуъҳои сиёсӣ дар як фосилаи муайян, рабт доштани онҳо ба Афғонистон, Тоҷикистон ё як кишвари арабӣ аз вижагиҳои ин пойгоҳҳо аст, ки дар асл аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Эрон таъсис ёфтаву идора мешуданд.
  • Darinews.com аз ин руйхат аз рӯйдодҳои Ховари Миёна, вируси куруно (“Русия ба дуздии воксин аз Бритониё муттаҳам шуд”), инфиҷори як корхонаи фӯлод дар ИМА, назарот ва сиёсатҳои ИМА ва Урупо дар бораи “Ҳизбуллоҳ”мегӯяд.
  • Аммо додаҳои торихии сабтшуда дар WHOIS ошкор намудаанд, ки макони як сабткунандаи он Машҳади Эрон ва шумораи телефуни сабткунанда бо куди кишвари Эрон +98 аст.
  • Иттилоъоти марбут ба муштарикон ва муъомилот аз Cloudflare ошкор намудааст, ки аз шиносаи корбарии 10120699 барои дастрасӣ ба darinews.com, доманаҳои ҳадафи farhang-press.com, roushd.com, klken.com, ва studiesaf.com ва доманаи risolattj.com истифода шудааст.
  • Ин ҳам дар ҳоле, ки пойгоҳи farhang-press.com як торнамои форсизабон аст, ки ба фарҳанг ва ҳунарҳои муртабит бо Афғонистон тамаркуз дорад.
  •  Додаҳои торихии сабтшуда дар WHOIS барои farhang-press.com ошкор намудаанд, ки макони як сабткунандаи он шаҳри Қуми Эрон ва шумораи телефуни як сабткунанда бо куди кишвари Эрон +98 аст. Додаҳои торихии сабтшуда дар WHOIS дар идома як имейли (роёнишонии) мутаъаллиқ ба сабткунандаро ошкор сохт, ки walasr5@yahoo.com аст, ки аз он дар сабти торихии доманаи ҳадафи alharakah.net ҳам истифода шудааст.
  •  Иттилоъоти марбут ба муштарикон ва муъомилот аз Cloudflare барои farhang-press.com шиносаҳои IP 5.114.176.54, 5.113.16.102 ва 185.212.192.209 мустақар дар Эронро ошкор сохтааст.
  • Торномаи дигари форсизабон kelkeen.com аст. Мавзӯъи мақолоти таҳлилии он шомили эҳсосоти зидди Арабистони Саъудӣ ва тарафдории Эрон буда, мунтазам аз ИМА интиқод мекунад. Ин торнамо худро “конуни иҷтимоъию фарҳангии афғонҳои муқими Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз замони таъсисаш, шукри Худо, ва бо кормандони ҷавону азхудгузашта ва арҷмандаш, гомҳои бузурге дар ростои эҷоди тамаддуни исломии наве бо мусоъидати ҷавонони муъмину фидоӣ ва ҳирфаии афғон” муаррифӣ кардааст.
  •  Додаҳои торихии сабтшуда дар WHOIS барои roushd.com ошкор намудаанд, ки макони як сабткунандаи он Қуми Эрон ва шумораи телефони сабткунанда бо коди кишвари Эрон +98 аст.
  •  Иттилоъоти марбут ба муштарикон ва муъомилот аз Cloudflare барои roushd.com шиносаҳои IP 5.160.10.72, 5.114.176.54 ва 185.212.192.209 мустақар дар Эронро ошкор сохтааст.
  • Ба илова, додаҳои Cloudflare ошкор сохтааст, ки аз ҳисоби корбарии 10120699 барои дастрасӣ ба farhang-press.com, доманаҳои ҳадафи roushd.com, darinews.com. kelkeen.com ва studiesaf.com ва домени risolattj.com истифода шудааст. Яъне онҳо мудирияти муштарак доранд.
  • Тибқи ҳукми додгоҳи амрикоӣ дастрасӣ ба пойгоҳи “Рисолат”, ки ба мавзуъҳои Тоҷикистон даст мезаду аз интиқодгарони ҳукумати феъдӣ буд, айни ҳол масдуд аст. Матолиби он ба ҷуз чанд матлаб, ки ҷӯстуҷӯгари Гугл ҳифз кардааст, дастрас намебошанд.
  • Коршиноси тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо бар он аст, ки “Рисолат”, “Кимиёи саодат”ва чандин гуруҳҳо дар бахши тоҷикии Фейсбук, ки худро расонаи ҷамъиятӣ ё ҷомеаи фейсбукӣ муаррифӣ мекунанд, дар асд тарҳу абзорҳои сиёсианд, ки бо аҳдофи геополитикӣ роҳандозӣ шудаанд.
  • “Ин ҷо сухан аз мавриди ошкори истифодаи пойгоҳи иттилоотӣ ҳамчун абзори таъсиргузории сиёсӣ, идеологии ва манфиатии берунӣ дар фазои тоҷикӣ меравад. Таъсиргузорие, ки на ҷанбаи маърифатӣ, балки чун таҳдид заминагузории низоъ ва бесуботиро дар пай дорад. Ин ҳолат ҳам аз назари муҳтавои мавод, ҳам аз таҷрибаи фаъолияти чунин тарҳҳо рӯшан аст.
    Аз ин назар, масдуд шудани ин гуна пойгоҳҳо ҳам ба солимии фазои иттилоотӣ ва ҳам ба солимии ҳамзистиву амнияти минтақавӣ мусоидат хоҳад дошт”- таъкид мекунад ӯ.
  • Муҳаммадиқболи Садриддин, коршиноси масоили мазҳабӣ дар посух ба суоли МедиаМаркер аз бардоштҳояш оиди муҳтавои ”Рисолат гуфт: “…аз нигоҳи ақида наздик ба шиа буданд. Маълум буд, ки онро тоҷикон мечархонанд. Чанд мақолаҳояшро хонда, соҳибони аслияшро аз тоҷикони муқими Эрон суроғ кардам, ки хомӯш монданд”.
  •  Талошҳои МедиаМаркер барои посух гирифтан аз масъулони пойгоҳу сомонаҳои масдудшуда ва вокуниши онҳо ба иттиҳомоти ҷиддии мақомҳои ИМА натиҷа надоданд.
  • Бояд таъкид кард, ки масъулони ин гуна сойтҳо омода нестанд, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз ҳуқуқҳои худ ҳимоят кунанд.
  • Нуктаи ҷолиби дигарин қазия он аст, ки мақомоти ИМА аз додгоҳ мусодираи доманаи 92 сойту пойгоҳҳоро талаб кардаанд, ки дар ҳоли қонунӣ шудани ҳукми додгоҳ мусодира мешаванд, яъне ҷой додани сойтҳо дар онҳо номумкин мегардад.
  • Ин нукта ба масдуд шудани пойгоҳи “Кимиёи Саодат”-и бародарони зодаи Тоҷикистон Сайидюнус Истаравшанӣ ва Маҳмудхон Бурҳонов, ки чанде пештар хабар дода будем, рушанӣ меандозад. Яъне сабаби масдуд шудани ин пойгоҳ, ки дар ҳади аққал се бор тағйири домана кардааст, метавонад мусодираи доманаи ахири он (ksaadat.co) бошад.
  • Мавриди зикр аст, ки мақомоти Тоҷикистон низ дастрасӣ ба ҳудуди 40 сомонаву пойгоҳҳоро бо иттиҳоми ифротгароӣ ва дастгирии терроризм масдуд кардаанд, аммо аз мусодираи доманаҳои онҳо кор нагирифтаанд. Аз ин руйхати сомонаҳо, муҳтавои онҳо ва соҳибони аслияшон дар матолиби баъдӣ хоҳем навишт.

The post “Рисолат” танҳо сомонаи тоҷикӣ, ки ҳукумати ИМА масдуд кардааст appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.